Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 230 мансабдорро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидаанд


Дар пайи санҷишҳои Оҷонси мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали имсол 237 мансабдори давлатӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.

Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонсӣ, рӯзи 18-уми июл гуфт, зарари молии махсусан калонро дар муассисаҳои соҳаи маориф ва илм ошкор карданд. “Он бештар аз 21 миллион сомонӣ аст,” – гуфт ӯ.

Ҳамчунин, дар ин феҳрист ширкати “Барқи тоҷик” бо 4,1 миллион сомонӣ ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо 12,2 миллион сомонӣ ҷой гирифтаанд.

Зарари калони молиявиро пас аз санҷиши буҷаҳои маҳаллӣ дар шаҳрҳои Ҳисор, Гулистон, Хоруғ, Конибодом ва ноҳияи Фирдавсии Душанбе ошкор кардаанд, ки аз 2 то наздик ба 6 миллион сомониро ташкил медиҳанд.

Гузориши Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар ҳоле садо медиҳад, ки бино ба гузориши ахири созмони Transparency International ё Шаффофияти Байнулмилал, дар кишвар мизони фасод хеле болост.

Ин созмон дар гузориши худ, ки аввали имсол нашр шуд, гуфт, "аксарият дар Тоҷикистон бовар доранд, порагирӣ, азхудкунии пули давлат, сустии ҳукумат барои решаканкунии фасод, хешутаборбозӣ ва мавридҳои дигар аз масоили паҳншуда мебошад."

Бар асоси он, Тоҷикистон аз байни 180 кишвару қаламрав дар миёни 30 кишвари дорои бадтарин сатҳи фасод ҷой дорад. Мақомот вуҷуди фасоди молиро дар кишвар рад намекунанд, вале тасвири созмонҳои байнулмилалиро «воҳима» меноманд.

XS
SM
MD
LG