Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оҷонсӣ: Раиси Додгоҳи Хуҷанд ва зердасташ ба гирифтани $4000 гумонбаранд


Ҳомидҷон Муҳаммадзода моҳи апрели имсол ба таври мармуз "нопадид" шуд. Дертар фармони барканорияш баромад
Ҳомидҷон Муҳаммадзода моҳи апрели имсол ба таври мармуз "нопадид" шуд. Дертар фармони барканорияш баромад

Масъулони Оҷонси зидди коррупсия дар Тоҷикистон гуфтанд, Ҳомидҷон Муҳаммадзода, раиси пешини Додгоҳ (Суд)-и шаҳри Хуҷанд ва зердасташ, Рустам Муҳаммадсаидзода, ба гирифтани 4 ҳазор доллар ришва гумонбаранд.

Пештар раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон ин рақамро 2 ҳазору 500 сомонӣ гуфта буд. Маълум нест, кадоме аз инҳо дуруст аст. То ин дам назари пайвандон ва ё вакилони мудофеи онҳо дастрас нест.

Насриддин Низомзода, як масъули Оҷонсӣ, 18-уми июл гуфт, “онҳо тавассути миёнарав барои ҳалли парвандае, ки дар баррасии Рустам Муҳаммадсаидзода буд, 4000 доллари амрикоӣ гирифтаанд. Кормандони Оҷонсӣ дастгир карданд.”

Ҳомидҷон Муҳаммадзода, раиси Додгоҳ (Суд)-и шаҳри Хуҷанд, охири моҳи апрели имсол ба таври мармуз "нопадид" шуд. Баъзе аз манобеи Радиои Озодӣ хабар доданд, ки ӯ ба гумони ришвагирӣ боздошт шудааст. Мақомот он замон ҳеч шарҳе надоданд, вале дертар фармони барканории ӯ содир шуд.

Насриддин Низомзода, як масъули Оҷонси зидди коррупсия, гуфт, ӯ бо додраси собиқ Рустам Муҳаммадсаидзода ва миёнрав дар ҳабси пешакӣ ҳастанд.

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, рӯзи 15-уми июл гуфт, ки Ҳомидҷон Муҳаммадзода ва Рустам Муҳаммадсаидзода ба гирифтани 2500 доллар “пора” гумонбаранд.

"2500 доллар байни раиси додгоҳ ва додрас тақсим карда шудааст," – афзуд ӯ.

Ҳомидҷон Муҳаммадзода 25-уми ноябри соли 2021 раиси Додгоҳи шаҳри Хуҷанд таъин шуд. Аз соли 1996 то 2000 ҳам дар ин мансаб буд. Дар гузашта дар мақоми раиси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, раиси Додгоҳи вилояти Суғд, раиси Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов ва ноҳияи Спитамен кор кардааст.

Феълан дар Тоҷикистон беш аз чаҳорсад додрас кор мекунанд. Дар даҳ соли охир тақрибан сӣ нафари онҳо боздошт ва ба зиндон маҳкум шудаанд.

XS
SM
MD
LG