Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Омодагии Русия ба марҳилаи дигари ҷанг". Зеленский: Украина тоб меорад


Мақомоти Украина мегӯянд, бар асари ҳамлаҳои Русия дар се рӯзи охир дастикам 40 кас кушта шудаанд

Як мансабдори низомии Киев мегӯяд, Русия ба марҳилаи дигари ҳамлааш ба Украина омода мешавад. Ин хулоса баъди он баён шуд, ки Маскав ба нерӯҳояш барои густариши амалиёти низомӣ дастур дод.

Вадим Скибитский, сухангӯйи истихбороти низомии Украина, рӯзи 16-уми июл гуфт, «ин танҳо зарбаҳои мушакӣ аз ҳаво ва баҳр нест.»

«Мо дар тамоми хати ҷанг ба таври муайян фаъол шудани душманро мебинем. Ҳоло ба марҳилаи навбатии ҳуҷум тайёрӣ мебинанд,» -- афзуд ӯ.

Вазорати дифои Бритониё рӯзи 17-уми июл гуфт, Русия мавқеи дифоии худро дар қаламравҳои ишғолкардааш дар ҷануби Украина тақвият медиҳад.

Дар эъломия гуфтаанд, «ин сафарбаркунии нерӯҳо ва муҳиммот байни Мариуполу Запарожйе ва Херсонро дар бар мегирад.» Вазорати дифои Бритониё илова кардааст, ки нерӯҳои Русия дар Мелитопол низ чораҳои амниятиро шиддат мебахшанд.

Маскав рӯзи 16-уми июл эълон кард, ки амалиёти низомии худро дар Украина афзоиш медиҳад.

Украина мегӯяд, дар се рӯзи охир бар асари тирборони Русия ба шарҳрҳо камаш 40 нафар кушта шудаанд. Волии Харков рӯзи 16-уми июл гуфт, дар як ҳамлаи Русия дар шаҳри шимолу шарқи Чухуив се нафар ҷон бохтанд.

Президент Владимир Зеленский дар паёме ваъда дод, ки кишвараш "тоб" хоҳад овард. Ӯ гуфт, Украина тавонистааст як қисми қаламраверо, ки аз оғози ҷанг аз даст дода буд, бозпас бигирад ва дар ниҳоят заминҳои бештари ишғолшудаашро дубора соҳиб хоҳад шуд.

Иттиҳоди Аврупо рӯзи 18-уми июл масъалаи сахттар кардани таҳримҳоро алайҳи Русия баррасӣ хоҳад кард.

Русия рӯзи 24-уми феврали имсол ба Украина ҳамла кард.

Маскав онро амалиёте барои ғайринизомӣ кардани Киев номида, мегӯяд, асосан ҳадафҳои низомиро нишон мегирад. Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 12-уми июл дар гузорише гуфт, дар натиҷаи ҷанги Русия дар Украина беш аз панҷ ҳазор ғайринизомӣ кушта ва зиёда аз 6500 каси дигар захмӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG