Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ айби ду журналисти боздоштшударо эълон кард


Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Завқибек Саидаминӣ
Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Завқибек Саидаминӣ

Масъулини додситонии кулли Тоҷикистон боздошти Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Завқибек Саидаминӣ, ду рӯзноманигори шинохтаро шарҳ доданд.

Шариф Қурбонзода, як масъули додситонӣ рӯзи 15-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, Завқибек Саидаминӣ ба ҳамкорӣ бо созмонҳои дар кишвар мамнуи Ҳизби наҳзати исломӣ ва “Гуруҳи 24” муттаҳам мешавад.

Саидаминӣ дар "ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои мамнӯъ", Пирмуҳаммадзода "барои итоат накардан"

Завқибек Саидаминӣ борҳо дар суҳбатҳояш гуфтааст, ки ба ҳеч созмону гуруҳҳо ҳамкорӣ надорад.

Ба гуфтаи Шариф Қурбонзода, Завқибек Саидаминӣ рӯзи 8-уми июли имсол боздошт ва алайҳаш бар асоси қисми 2-и моддаи 307 нишонаи 3 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Мақомот гуфтанд, Саидаминӣ феълан дар боздоштгоҳи муваққатии Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат нигоҳдорӣ мешавад.

Қурбонзода ҳамчунин гуфт, рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзода рӯзи 9-уми июл бо иттиҳоми итоат накардан ба талаботи кормандони милитсия боздошт шуда, бо қарори додгоҳ то рӯзи 19 июл ба ҳабс гирифта шудааст. Пештар пайвандони Пирмуҳаммадзода гуфта буданд, масъулини Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ин рӯзноманигорро барои гирифтани телефонаш даъват карда, дигар ӯро раҳо накарданд.

Масъулини додситонии кулл гуфтанд, нисбати Абдусаттор Пирмуҳаммадзода “маводҳои санҷишӣ тартиб дода шуда, қарори ниҳоӣ қабул нашудааст.”

Нигаронии наздикони боздоштшудаҳо

То кунун хабарнигорони боздоштшударо ба наздиконашон нишон надодаанд ва касе ҳам барояшон макони нигаҳдориашонро намегӯяд. Пайвандони Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, журналисти тоҷик гуфтанд, талошҳояшон барои дидорбинӣ бо ӯ бенатиҷа буд ва давоми як ҳафтаи боздошт дар бораи ӯ ҳеҷ иттиллое надоранд ва аз макони нигаҳдориву вазъи сиҳатияш бехабаранд. Яке аз хешони Пирмуҳаммадзода бидуни зикри номаш гуфт, “як бор рӯзи ид хурок бурдем, нагирифтанд. Мегӯянд, мо худамон медиҳем. Ба ҳамаи боздоштшудаҳо худашон аз кадом ҳисоб хурок медиҳанд? Мебарем, намегиранд ба кӣ диҳем? Дигар намедонам, на адвокат дорад, на ҷурмашро медонем.”,- афзуд ӯ.

Айни замон пайвандони Зақибек Саидаминӣ ҳам ҳамин нигарониро доранд.

Пештар Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон (CPJ) низ аз ҳукумати Тоҷикистон хост, дар бораи куҷо будани хабарнигорон, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, маълумот дода ва фавран онҳоро аз боздошт раҳо кунад. Гулноза Саид, ҳамоҳангсози созмон барои кишварҳои Осиёӣ Марказӣ ва Аврупо, дар як баёнияи расмӣ дар рӯзи 14-уми июл гуфтааст, пинҳон доштани ҷойи нигаҳдории Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, ғайриқобили қабул ва беэътиноии ошкор ба қонун ва талош барои роҳ надодан ба инъикоси мавзуъҳои нохушоянд барои мақомот аст.”

Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, хабарнигор ва блогерони тоҷикро рӯзи 9-уми июл дастгир карданд.

Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, кормандони пешини радио ва телевизиони давлатии Тоҷикистон, солҳои охир асосан дар шабакаҳои иҷтимоӣ назару андешаҳои худро баён медоштанд.

XS
SM
MD
LG