Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Шриланка аз хориҷ истеъфо дод


Президенти пешини Шриланка Готабая Раҷапакса.
Президенти пешини Шриланка Готабая Раҷапакса.

Президенти Шриланка Готабая Раҷапакса баъди расидан ба Сингапур истеъфо дод. Вай аз Малдив ба Сингапур парвоз кард. Дар ин бора расонаҳои Шриланка хабар медиҳанд.

Раҷапакса номаи истеъфояшро ба раиси порлумон тавассути почтаи электронӣ ирсол кардааст.

Ҳукумати Сингапур гуфт, ки президенти пешини Шриланка "бо сафари шахсӣ" дар Сингапур қарор дорад ва барои дарёфти паноҳандагӣ дархост надодааст.

Президенти Шриланка аз дахлнопазирӣ бархурдор буд. Вай бо истифода аз дахлнопазирӣ Шриланкаро тарк кард. Раҷапакса танҳо баъди ба хориҷ расидан истеъфо дод. Вай нигарон буд, ки дар сурати дар дохили кишвар ба истеъфо рафтан метавонад, боздошт шавад.

Эътирозҳо дар Шриланка аз оғози соли ҷорӣ давом доранд. Дар пайи ин эътирозҳо раиси пешини ҳукумат, бародари президент ба истеъфо рафта буд.

Дар моҳи апрели соли ҷорӣ Шриланка ба буҳрони амиқи иқтисодӣ гирифтор шуд. Дар он кишвар камбуди асъори хориҷӣ мушоҳида мешавад, ки ин ҳолат дар пайи коҳиши теъдоди сайёҳон сар задааст. Дар натиҷаи вабои коронавирус шумори сайёҳон ба Шриланка коҳиш ёфт.

Раҷапакса рӯзи 13 июл аз кишвараш ба ҷазираҳои Малдив фирор кард.

XS
SM
MD
LG