Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як фармондеҳи Толибон дар бораи вазъ дар марзи Тоҷикистон гуфт


Сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон
Сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон

Масъулони амниятии Толибон дар вилояти Тахор мегӯянд, барои посбонии марз бо Тоҷикистон тадбирҳои сахти амниятӣ андешидаанд.

Сарпарасти фармондеҳии нерӯҳои амниятии Тахор ба расонаҳои дохилии Афғонистон гуфтааст, дар ҳоли ҳозир ҳеч таҳдиди амниятӣ дар сарҳадҳои Тахор бо Тоҷикистон вуҷуд надорад.

Қодир Зикрулло Зокир ба телевизиони “Ориёно Нюс” гуфтааст: “Дар тамоми ноҳияҳои ҳамсарҳад бо Тоҷикистон муҷоҳидини мо мустақар ҳастанд ва омодаи ҳар навъ таъмини амният мебошанд. Ҳеч мушкиле нест.”

Мақомоти Тоҷикистон ба баёнияҳои Толибон, ки моҳи августи соли гузашта ба қудрат расиданд, бо шубҳа менигаранд.

Чанде пеш чанд мушаке аз вилояти Тахор ба қаламрави Тоҷикистон бархӯрд ва ДОИШ масъулияти ин мушакандозиро бар уҳда гирифт.

XS
SM
MD
LG