Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бонки Миллӣ камбуд ёфтаанд, вале...


Бинои собици Бонки миллӣ
Бинои собици Бонки миллӣ

Масъулони Палатаи ҳисоби Тоҷикистон гуфтанд, аудит ё санҷиши молии онҳо дар Бонки Миллӣ 1,2 миллион сомонӣ зарарро ошкор кард, аммо ҳанӯз касеро ба ҷавобгарӣ накашидаанд. Дар гузашта низ ин ниҳод дар Бонки Миллӣ камбуд ёфта буд.

Файзалӣ Аҳмадзода, муовини раиси Палатаи ҳисоб, рӯзи 14-уми июл дар як нишасти мабуотӣ дар Душанбе гуфт, "ин маблағ, аз ҷумла, аз ҳисоби молу мавод, изофанависии таъмиру сохтмон, зарар аз фурӯши амволи давлатӣ ва талаби воситаҳои пулӣ муайян шудааст."

Ӯ дар посух ба суоли хабарнигорон, ки оё касе барои ин гуна камбудҳои молӣ дар Бонки Миллӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудааст, гуфт, "то ба ҳол нисбати касе чора андешида нашудааст, зеро аудит нав ба анҷом расид".

Қарахон Чиллазода, раиси Палатаи ҳисоб, гуфт, ҳафтаҳои наздик хулосаи худро ба ҳукумат пешниҳод мекунанд ва масъалаи ҷазо доданро низ дар миён хоҳанд гузошт.

Палатаи ҳисоб дар гузашта низ зарари молиро дар Бонки Миллӣ ошкор карда буд. Аз ҷумла, дар соли 2015 Палатаи ҳисоби Тоҷикистон алайҳи шаш мансабдори собиқи Бонки миллӣ "барои вайрон кардани низоми фурӯши асъори хориҷӣ" санад тартиб дода, ба Додситонии кулл фиристода буд.

Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар 6 моҳи имсол дар вазорату идораҳои дигари давлатӣ низ санҷиш гузаронида, дар натиҷа беш аз 150 миллион сомонӣ камбуди молиро ошкор намудааст. Ба иттилои палата, ин омор дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 75,6 миллион сомонӣ зиёдтар аст.

XS
SM
MD
LG