Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Washington Post: Русия намехоҳад, беш аз 400 ҳавопайморо баргардонад


Ширкатҳои русиягӣ намехоҳанд, 400 ҳавопаймоеро баргардонанд, ки аз ширкатҳои хориҷӣ ба лизинг гирифта буданд. "Ширкатҳои хориҷӣ ба баргардонии ҳавопаймоҳои худ шубҳа доранд," -- менависад нашрияи Washington Post.

Нашрия менависад, ширкатҳои хориҷӣ аз 515 ҳавопаймое, ки ба ширкатҳои русиягӣ тариқи лизинг ба иҷора дода буданд, баъди ҳамлаи Русия ба Украина ва эълом шудани таҳримҳо нисбати Русия ҳамагӣ 80 ҳавопаймоҳоро баргардонидаанд.

Ҳамсуҳбатони нашрия гуфтаанд, соҳибони ҳавопаймоҳо ба хулоса расидаанд, ки наметавонанд, ҳавопаймоҳояшонро аз Русия бозпас бигиранд. Маблағи даъвоӣ аз ширкатҳои бима ба 10 миллиард доллар расидааст.

Нашрия аз талоши нокоми баргардонии ҳавопаймои "Аэрофлот" нақл мекунад, ки дар Шриланка ҳабс шуда буд. Он ҳавопаймо ба ширкати лизингии ирландии AerCap рабт дошт, ки Маскав таҳдид кард, дар сурати баргардонии ҳавопаймо ба Ирландия, интиқоли нафтро ба Шринланка бас карда, робитаҳои дипломатиро барҳам мезанад.

Ба ин тартиб, ҳавопаймои Airbus 330-300 баъди чанд рӯзи нигаҳдорӣ дар фурудгоҳи Коломбо ба Маскав баргардонида шуд.

Таҳримҳо ба бахши ҳавопаймоии Русия бесобиқа ҳастанд. Ба ин таҳримҳо 37 кишвар аз Иттиҳоди Аврупо, Амрикои Шимолӣ ва Осиё пайвастаанд. Ба иловаи манъи лизинг ва фурӯши ҳавопаймо ба ширкатҳои русӣ, ҳамчунин фурӯши қисмҳои эҳтиётӣ, нармафзорҳо ва хидматрасонӣ ба ширкатҳои русӣ қатъ шудааст.

XS
SM
MD
LG