Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як мусофири тоҷик дар фурудгоҳи Санкт-Петербург


Акс аз бойгонӣ

Дар фурудгоҳи Пулковои Санкт-Петербург як шаҳрванди Тоҷикистонро бо садҳо кӯлоҳи брендҳои маъруф дастгир кардаанд.

Расонаҳои Русия бо такя ба иттилои мақомоти гумруки Санкт Петербург навиштанд, мусофири хатсайри Душанбе мехост, ғайриқонунӣ тақрибан 1000 кӯлоҳи “Адидас”, “Пума” ва “Найк”-ро вориди вилоят кунад.

Ӯ ба кормандони гумрук дар фурудгоҳ гуфтааст, кӯлоҳҳоро барои худ ва наздиконаш овардааст, аммо онҳо ба ин иддаои мусофир бовар накардаанд.

Мақомоти гумруки Пулковo мегӯянд, бо муроҷиат ба масъулини ширкатҳои маъруф маълум кардаанд, ки кӯлоҳҳои воридшуда аз Тоҷикистон “қалбакӣ ҳастанд”.

Дар бозорҳои Тоҷикистон нусхаи молу колои ҳамаи брендҳои машҳури дунё озод харидуфурӯш мешавад.​

XS
SM
MD
LG