Тибқи гузоришҳо, дар пайи ҳамлаи низомии Русия ба Украина, мавридҳои фирор аз хидмат дар сафҳои нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба таври чашмгир афзудааст.
Хабаргузории "Рейтерз" рӯзи 10-уми июл ба нақл аз созмонҳои байнулмилалӣ ва баъзе намояндагони созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи сарбозон дар Русия гуфт, шумораи онҳое, ки барои фирор аз хидмати сарбозӣ аз қонундонҳо машварат ва маслиҳат мехоҳанд, бештар шудааст.
Деник Кокшаров, раҳбари як созмони дифоъ аз ҳуқуқи сарбозон ба номи "Призивник" гуфтааст, шумораи муроҷиаткунандаҳо барои машварат гирифтан аз мутахассисон барои фирор аз артиш дар кишвар 50 дарсад афзуд.
Шумораи нерӯҳои низоми Русия, тибқи омори Маркази мутолеоти байналмилалии стратегӣ дар Лондон, ҳудуди 900 ҳазор нафар аст ва солона 260 ҳазор ҷавони рус ба сарбозӣ даъват мешаванд.
Хабаргузории "Рейтерз" менависад, бароварда мешавад, ки аз замони ҳамлаи Русия ба Украина 15 ҳазор низомии Русия кушта шудаанд.
Як гурӯҳи машваратии ҳуқуқӣ бо номи "Шаҳрванд, артиш ва қонун" мегӯяд, шумораи муроҷиаткунандаҳо ба мутахассисони ин гурӯҳ барои ёфтани роҳҳои алтернативӣ барои нарафтан ба хизмати аскарӣ, 10 баробар шудааст.
Ба навиштаи хабаргузории "Рейтерз", мушоҳида нишон медиҳад, ки Русия барои ҷалби афроди бештар ба артиш ва фиристодани онҳо ба майдони ҷанг дар Украина, талошҳояшро бештар кардааст.
Русия рӯзи 24-уми феврали имсол ба Украина ҳамла кард. Дар Русия ин ҳамларо "амалиёти вижаи низомӣ" меноманд. Аммо Украина ва кишварҳои ғарбӣ онро таҷовузи низомӣ хонда, Русияро маҳкум кардаанд.
То кунун бар асари ин ҷанг ҳазорҳо нафар кушта ва миллионҳо нафар овора шудаанд. Тибқи баровардаҳои СММ, ҳудуди 12 миллион украинӣ овора шудаанд, ки аз ин шумора тақрибан 5 миллион нафар ба хориҷ муҳоҷират кардаанд.