Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико аз ҳамфикрии Чин бо Русия нигарон аст


Энтони Блинкен
Энтони Блинкен

Вазири корҳои хориҷии Амрико гуфт, Иёлоти Муттаҳида нигарони ҳамфикрии Чин бо Русия аст.

Энтони Блинкен рӯзи 9-уми июл баъди мулоқот бо ҳамтои чинияш дар Индонезия гуфт, "ончи аз Пекин мешунавед, ин аст, ки иддао мекунад, бетараф аст. Дар мавриди таҷовузи Русия бар Украина бетараф будан бисёр сахт аст."

"Мо ба пешниҳоди ёриҳои башарӣ ба мардуми Украина идома медиҳем. Имрӯз гуфта метавонам, ки Иёлоти Муттаҳида ҳудуди 368 миллион доллар кумаки изофӣ, аз ҷумла хӯрокворӣ, оби ошомиданӣ, кумаки нақдӣ ва сарпаноҳ медиҳад," – афзуд ӯ.

Ба қавли Блинкен, ҷанги Русия алайҳи Украина як таҷовузи ошкор ва на танҳо имтиҳоне барои зиндагӣ ва маишати мардуми Украина, балки озмуне ба назми байнулмилалӣ аст.

Вазорати дифои Бритониё рӯзи шанбе гуфт, аввалин гуруҳ аз 10 ҳазор аскари украинӣ, ки дар ҷараёни моҳҳои оянда дар Бритониё омӯзиш хоҳанд дид, вориди ин кишвар шудаанд. Ба гуфтаи мақомоти дифоӣ, беш аз ҳазор низомии Бритониё довталабони бетаҷрибаи украиниро дар чандин минтақа барои чанд ҳафта омӯзиш хоҳанд дод.

Дар ҳамин ҳол, дафтари матбуотии Додситонии кулли Украина гузориш дод, ки аз оғози ҳамлаи бедалели Русия ба ин кишвар дар умум 347 кӯдак кушта ва беш аз 647 кӯдаки дигар захмӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG