Илон Маск, миллиардери амрикоӣ, аз харидории шабакаи иҷтимоии Twitter даст кашид.
Моҳи апрел ин сарватманд эълони хариди Twitter-ро карда буд, вале 9-уми июл хабар дод, ки онро намехарад.
Ҳуқуқшиноси соҳибкор гуфтааст, ки хадамоти Twitter омода нашудааст, дар бораи саҳифаҳои қалбакӣ ё сапмҳо, ки донистани онҳо барои тиҷорат муҳиманд, маълумот диҳад.
Пештар Маск гуфта буд, ки агар саҳифаҳои қалбакӣ 5 дар сади шумораи умумии корбарони ин шабакаро ташкил диҳанд, онро намехарад.
Дар бозори саҳҳомӣ пас аз даст кашидани Маск аз харидани Twitter нархи саҳмияҳои ин ширкат шаш дар сад поин рафт.
Маск ӯҳдадор аст, ки миллиард доллар барои даст кашидан аз ин созиш пардозад. Ин ширкат ӯро ба додгоҳ додааст.