Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзиёев ҳодисаҳои Нуқусро кори "неруҳои бадхоҳи хориҷӣ" номид


Нуқус, маркази Қароқалпоқистон
Нуқус, маркази Қароқалпоқистон

Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар шарҳи эътирозҳо ба бекор кардани мақоми "мухтор"-и Ҷумҳурии Қароқалпоқистони кишвараш гуфт, "ин амалҳо солҳо боз аз ҷониби нерӯҳои бадхоҳи хориҷӣ омода шудаанд." Вале аз кадом гуруҳ ё кишвари хориҷие ном набурд.

Ба гуфтаи Мирзиёев, ҳадафи созмондиҳандагони эътирозҳо "таҷовуз ба тамомияти арзии Узбекистон ва эҷоди низоъ байни миллатҳо” буд. Ӯ гуфт, ба тафтиши ҳодисаҳои шаҳри Нуқуси Қароқалпоқистон ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷалб мешавад.

Қаблан Иттиҳоди Аврупо, Афви байналмилал, ИМА ва Шӯрои ҳуқуқи башари СММ расман аз Тошканд хостори таҳқиқи ҳамаҷониба, беғаразона ва шаффофи ҳодисаҳои Қароқалпоқистон шуданд.

Мирзиёев гуфт, ки тафтишот ба истифодаи неру зидди тазоҳургарон низ баҳои ҳуқуқӣ медиҳад.

XS
SM
MD
LG