Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарақалпоқистон куҷост? Қарақалпоқҳо киҳоянд? Баҳсе, ки баъди сад сол бархост. ВИДЕО


Қароқалпоқистон куҷост?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:21 0:00

Наворро дар инҷо бинед

Қарақалпоқистон, як ҷумҳурии мухтор дар ҳудуди Узбекистон, дар оғози моҳи июни имсол шоҳиди эътирози густурда шуд. Мардум алайҳи ислоҳҳо ба Конститутсияи Узбекистон бархостанд, ки бино бар он "мустақилӣ"-и Ҷумҳурии мухтор аз байн мерафт. Дар натиҷаи эътирози мардум ва бархӯрди мақомот бо онҳо, ба иттилои расмӣ, 18 кас кушта ва зиёда аз 240 нафар захмӣ шудаанд. Созмону кишварҳои ғарбӣ таҳқиқи мунсифонаи рӯйдодро хостанд. Қарақалпоқистон куҷост ва қарақалпоқҳо киҳоянд?

Қарақалпоқистон 40 дар сади қаламрави Узбекистонро ташкил медиҳад. Сарҳади ҳозираи онро солҳои 20-уми асри гузашта, дар авҷи тақсимоти милливу ҳудудӣ, кашидаанд.

То замони ҳамлаи Русия ба қаламрави Осиёи Марказӣ, қарақалпоқҳо дар ҳайати хонигарии Хева буданд. Қарақалпоқистон соли 1936 аз ҳайати Русия берун ва ҳамчун вилояти мухтор ба ҳудуди Узбекистон дохил карда шуд.

Дар солҳои 1990, дар остонаи фурӯпошии Шӯравӣ, Қарақалпоқистон ба монанди ҷумҳуриҳои дигари мухтор дар ҳудуди кишварҳои ба истилоҳ "бародар" мустақилии худро эълон кард. Як муддат дар он кишвар мансаби президентро таъсис доданд, вале Тошканд мақоми нави ҳуқуқии ҷумҳуриро напазируфт.

Соли 1993 Тошканд ва Нуқус созишномаи 20-солаеро имзо карданд, ки тибқи он Қарақалпоқистон қонуни асосии худро қабул карда, бо баргузории раъйпурсӣ ҳаққи ҷудо шудан аз Узбекистонро ба даст овард.

Пас аз ду даҳсола, соли 2013, ин созишнома ва мақоми ҷумҳурии мухтор ба гӯшаи фаромушӣ рафт. Онҳое, ки аз он созишнома ёд овардаву садо баланд карданд, мавриди таъқибу таҳдид қарор гирифтанд.

Қароқалпоқҳо туркзабон ҳастанд ва бо узбекҳо наздикӣ доранд, аммо забонашон ба гурӯҳи қипчоқӣ шомил мешавад.

Дар Узбекистон тақрибан 710 ҳазор нафар ва дар ҷаҳон 830 ҳазор қароқалпоқ зиндагӣ мекунанд. Макони асосии зисти онҳо минтақаи соҳили Арал, қаламрави ҳозираи Қарақалпоқистон, аст. Онҳо мусалмонанд.

Солҳои охир кӯчидани қароқалпоқҳо аз Узбекистон ба Қазоқистон бештар мушоҳида мешавад.

XS
SM
MD
LG