Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина робитаҳои дипломатии худро бо Сурия бурид


Пас аз ба расмият шинохтани истиқлоли минтақаҳои ҷудоиталаби Ҷумҳуриҳои Луганск ва Донетск аз сӯи Димишқ, Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина рӯзи сешанбе дастури қатъи робитаҳои дипломатӣ бо Сурияро содир кард. Зеленский дар навори видеоӣ дар канали "Телеграм"-и худ навишт, "дигар робитае байни Украина ва Сурия вуҷуд нахоҳад дошт".

Чанд соат пеш аз ин изҳороти Владимир Зеленский, хабаргузори расмии Сурия ба нақл аз Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар эълон карда буд, ки Димишқ тасмим гирифтааст, ки истиқлол ва ҳокимияти "Ҷумҳурии ҳалқи Луганск ва Донетск"-ро ба расмият бишносад.

Ин мақоми Вазорати корҳои хориҷии Сурия изофа кардааст, ки Димишқ ба ҳадафи густариши робитаҳо бо ин ду минтақаи ҷудоиталаб, бо онҳо робитаҳои дипломатӣ барқарор хоҳад кард.

Сергей Шойгу, вазири дифои Русия ахиран гуфта буд, ки нерӯҳои рус бо ҳамлаҳои пайдарпай ва фиристодани нерӯи бештар, 97 дарсади қаламрави вилояти Луганскро тасарруф кардаанд. Ҳанӯз маълум нест, ки пас аз тасарруфи пурраи Луганск ва Донетк дар Донбас, Русия ҳамлаҳои худро ба дигар нуқтаҳои Украина густариш хоҳад дод ё не.

Ба гуфтаи мақомоти украинӣ ва таҳлилгарони низомӣ, ба назар мерасад, Русия дар ҳоли ҳозир тақрибан ниме аз вилояти Донетскро ишғол кардааст.

Ба навиштаи хабаргузории "Ассошиэйтед пресс", бо тасарруфи ин минтақа аз сӯи нерӯҳои русӣ, Путин ба ҳадафи худ барои ишғоли комили марказҳои саноатӣ дар шарқи Украина, ки дорои маъданҳо ва корхонаҳои ангиштканӣ аст, наздиктар шудааст.

Владимир Путин се рӯз пеш аз ҳамла ба Украина дар 24 феврали имсол, "истиқлол"-и Донетск ва Луганскро бо вуҷуди мухолифатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба расмият шинохт.

Ба бовари бархе коршиносон, Русия пас аз ҷудо кардани нимҷазираи Қрим аз хоки Украина дар соли 2014, ҳоло дар садад аст то бо кӯмаки ҷудоиталабон Донетск ва Луганскро дар ихтиёр бигирад ва тарҳи ҷудоии ин ду вилоят аз хоки Украинаро амалӣ кунад.

Аз ин қабл, Сурия "истиқлол"-и Осетияи Ҷанубиро ба унвони кишварҳои мустақил эътироф кард ва ин боиси қатъи робитаҳои дипломатии Димишқ бо Гурҷистон шуд.

Сурия аз муттаҳидони наздикони Русия ба шумор меравад. Дар пайи густариши ҷанг дар Сурия, Русия аз соли 2015 дар ин кишвар дахолати низомӣ кард. Русия ва Эрон дар ҷараёни ҷанги дохилии Сурия ба ҳукумати Башор Асад барои саркӯби мухолифон кӯмак кардаанд.

Аз ҳампаймонҳои наздики Русия то кунун ҳеҷ кишвари дигар "истиқлол"-и ин Луганск ва Донетскро ба расмият нашнохтааст. Чанд рӯзи пеш раисиҷумҳури Қазоқистон дар як нишасти байнулмилалии иқтисодӣ дар Санкт-Петербург гуфт, кишвараш истиқлоли ба истилоҳ "Ҷумҳурии мардумии Донетск" ва "Ҷумҳурии мардумии Луганск"-ро эътироф намекунад.

Қосимҷомарт Тоқаев дар ин бора рӯзи 17-уми июн ва дар ҷавоб ба суоли онки мавқеи Қазоқистон ба амалиёти ба истилоҳ вижа дар Украина чист, гап зад. Ӯ дар оғоз гуфт, дар Қазоқистон дар бораи ҷанг дар Украина дидгоҳҳои гуногун вуҷуд доранд, чун онҷо ҷомеаи шаҳрвандӣ пешрафта аст.

Дар моҳи март Абдулазиз Комилов, вазири вақти корҳои хориҷии Узбекистон гуфт, "Узбекистон истиқлол, ягонагӣ ва тамомияти арзии Украинаро эътироф мекунад. Мо ҷумҳуриҳои халқии Луганск ва Донетскро эътироф намекунем".

Пас аз ин изҳорот Комилов барои чанд ҳафта "бемор" шуд ва дар миёнаҳои моҳи ҷорӣ ӯ намояндаи махсуси президенти он кишвар дар умури сиёсати хориҷӣ таъин шуд.

XS
SM
MD
LG