Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари бидуни шарҳи Путин ба Тоҷикистон. Чанд тахмини коршиносон


Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин. Акс аз соли 2017
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин. Акс аз соли 2017

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар сафари нахустини хориҷияш аз замони таҷовузи Маскав ба хоки Украина, рӯзи 28-уми июн ба Душанбе меояд. Сухангӯйи Кремлин гуфт, ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти як ба як хоҳад дошт, аммо нагуфт, ки дар бораи чӣ. Мақомоти Тоҷикистон шарҳ намедиҳанд.

Баъзе аз коршиносон тахмин мекунанд, ки дар ин дидор бархе аз масъалаҳои "ҳассос"-и байни ду кишвар ва ҳам вазъи дохилии Тоҷикистон баррасӣ хоҳанд шуд. Дар ин қатор аз эҳтимоли истифода шудани Тоҷикистон ҳамчун "равзан"-е барои наҷоти Русия аз таҳримҳои Ғарб, оштӣ додани Раҳмон бо Толибон ва масъалаи интиқоли қудрат дар Тоҷикистон аз падар ба писар ном бурда мешавад. Мақомоти расмӣ ин баёнияҳоро тасдиқ ё рад намекунанд.

"Русия мехоҳад таҳримҳоро давр занад"

Дар бораи сафари Путин ба Душанбе рӯзи 26-уми июн телевизиони "Россия 1" хабар дод. Дмитрий Песков, сухангӯйи Кремлин, рӯзи 27-уми июн сафари раисиҷумҳури Русияро тасдиқ кард ва онро корӣ номид. Юрий Ушаков, ёвари президенти Русия дар умури байнулмилалӣ, гуфт, раҳбарони ду кишвар ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ хоҳанд кард. "Табиист, ки масъалаҳои муҳим дар бахши иқтисоду тиҷорат, низомӣ ва фарҳангӣ баррасӣ хоҳанд шуд," – афзудааст ӯ.

Мақомоти Тоҷикистон ва сафорати Русия дар Душанбе барномаи сафари раисиҷумҳури Русия ошкор накарданд. Чанд ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар ниҳодҳои расмии Тоҷикистон танҳо гуфтанд, "сафари Путин як рӯз давом мекунад".

Каримҷон Аҳмадов
Каримҷон Аҳмадов

Дар ҳоле ки мақомот дар Тоҷикистон лаб фурӯ бастаанд, коршиносон чанд фарзияи сафари Путинро ба Душанбе тахмин мезананд. Каримҷон Аҳмадов, муовини пешини вазири иқтисоди Тоҷикистон ва ҳоло муқими Канада, мегӯяд, эҳтимол дар Душанбе "масъалаи давр задани таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия" баррасӣ шавад.

Ба назари ӯ, Русия кӯшиш дорад, барои содироти тиллояш аз имкониятҳои Тоҷикистон истифода барад. "Ин таблиғ карда намешавад, вале албатта муҳокима карда мешавад," – навишт муовини пешини вазири иқтисоди Тоҷикистон дар Фейсбук рӯзи 27-уми июн.

Пас аз ҳамлаи бедалели Русия ба Украина, ки ҳазорҳо касро кушту миллионҳо нафарро овора кард, кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав таҳримҳои сахт ҷорӣ карданд. Бритониё, Амрико, Канада ва Ҷопон гуфтаанд, ба зудӣ воридоти тиллои Русияро низ манъ мекунанд ва бовар доранд, бо ин кор ба ҷайби сарватмандон ва "мошинаи низомии Путин" зарба хоҳанд зад.

“Вазъият дар Афғонистон мавзӯи асосӣ хоҳад буд”

Ба назари таҳлилгар Шералӣ Ризоён, яке аз мавзуъҳои асосии гуфтугӯ вазъияте аст, ки дар шимоли Афғонистон ба вуҷуд омадааст. Ӯ мегӯяд, дар даҳ моҳи ҳукуматдории Толибон интизорие, ки “кишварҳои рӯ ба Толибон” доштанд, бароварда нашуд.

Шералӣ Ризоён
Шералӣ Ризоён

“Таҳдиду хатарҳо аз Афғонистон ба давлатҳои Осиёи Марказӣ ва бахусус Русия хеле зиёд шудааст. Мебинем, ки Толибон ба размандаҳои хориҷӣ, аз ҷумла зодагони Осиёи Марказӣ, сиёсатҳои худро нарм карданд. Ба гумонам, яке аз масъалаҳои бисёр ҷиддии гуфтушунид вазъияти Афғонистон хоҳад буд,” – хулоса кард Ризоён.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳанӯз моҳи январи имсол дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви СПАД гуфта буд, ки “дар вилоятҳои шимолии Афғонистон беш аз 40 марказу урдугоҳҳои омодасозии террористон фаъоланд.” Намояндагони ҳукумати Толибон ин изҳоротро рад кардаанд.

Гуруҳи тундрави Толибон моҳи августи соли 2021 дубора қудратро дар Афғонистон ба даст гирифт. Тоҷикистону Русия дар баробари ҳокимони нави Кобул назару мавқеи гуногун доранд. Маскав борҳо меҳмондори намояндагони Толибон будааст. Душанбе “имороти исломӣ”-и Толибонро танқид карда, хоҳони ташкили ҳукумати фарогир ва бо ҷойгоҳи шоистаи тоҷикон аст.

Вакил: шояд дар бораи ҷанги Украина ҳам суҳбат шавад

Саидҷаъфар Усмонзода
Саидҷаъфар Усмонзода

Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ ва вакили порлумон, низ бовар дорад, ки амнияти минтақа ва хатарҳо аз Афғонистон дар ҷараёни сафари Владимир Путин баҳс хоҳад шуд. Ба ҷуз ин, Усмонзода мегӯяд, роҳбарони Тоҷикистону Русия дар бораи равобити иқтисодии ду кишвар, ҷанг дар Украина ва масоили дигар шояд суҳбат кунанд. “Вале яке аз мавзуъҳои асосӣ ин сарҳад аст,” -- афзуд Усмонзода.

Манзури вакили порлумон марзи беш аз 1400-километрии Тоҷикистону Афғонистон аст. Барои ҳифзи ин марз Амрико, Русия ва чандин созмони дигар ба Душанбе мадад мекунанд. Нигарониҳо аз хатарҳои он тарафи марз ҳамоноҷо пойбарҷост.

Айни замон мардуми одӣ дар Тоҷикистон ва бахусус наздикони муҳоҷирон аз сафари Путин интизориҳои дигар доранд. Умеди асосии ин қишр ин аст, ки дар ҷараёни сафари ӯ ба Душанбе, шояд барои муҳоҷирони тоҷик сабукие пешниҳод шавад.

Русия мизбони садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик аст, ки дар онҷо аксаран аз беҳуқуқӣ ва фишору таъқиб шикоят мекунанд, аммо пулҳои фиристодаашон барои иқтисоди Тоҷикистон муҳим дониста мешавад.

XS
SM
MD
LG