Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чор рӯз пеш аз ҷанг Путин ва Макрон чӣ гуфтанд?


Путин ва Макрон
Путин ва Макрон

Рӯзноманигорони фаронсавӣ мӯҳтавои суҳбати президенти Русия ва Фаронсаро дар рӯзи 20-уми феврал, чор рӯз пеш аз ҳамла ба Украина, ошкор карданд.

Дар филми ҳуҷҷатии "Президент, Аврупо ва ҷанг", ки канали телевизионии France 2 намоиш дод, нӯҳ дақиқа суҳбати Владимир Путин ва Эммануел Макрон пахш шуд.

Суҳбати Макрон бо Путин субҳи 20-уми феврал дар пасманзари якбора бад шудани вазъ дар марзи Украина сурат гирифт. Он вақт теъдоди нерӯҳои русӣ якбора дар Донбас афзоиш ёфта буданд.

"Ман мехоҳам, ки шумо аввал ба ман назари худро дар бораи вазъият бигӯед ва шояд рӯирост, вақте ки мо як ба як суҳбат мекунем, бигӯед, ки ниятҳои шумо чист.",--бо ин суханон Макрон суҳбатро оғоз кард.

"Ман чӣ гуфта метавонам? Худатон бубинед, ки чӣ рӯй дода истодааст", - ҷавоб дод Путин ва баъд аз он раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленскийро дар дурӯғгӯӣ ва худи Макронро дар он муттаҳам кард, ки мехоҳад созишномаҳои Минскро дар бораи Донбасс бознигарӣ кунад. Макрон бо ин шарҳ розӣ набуд, ки боиси баҳс гардид. Ба шикояти Путин, ки пешниҳодҳои ҷудоихоҳон "шунида намешаванд" Макрон мегӯяд, ки "мо пешниҳоди ҷудоихонро ҷиддӣ намегирем, чун онҳо бахше аз созишномаи Минск нестанд."

Дар ин суҳбат Путин ба пешниҳоди Макрон барои суҳбат бо Ҷо Байден, президенти ИМА розӣ мешавад, вале мегӯяд, ки ҳоло набояд рӯзи вохуриро эълон кард.

Суҳбати Путин бо чунин гап тамом мешавад: "Аз шумо пинҳон намекунам, ки ҳоло мехоҳам ҳоккей бозӣ кунам. Ҳоло бо шумо аз толори варзишӣ суҳбат дорам."

Дар хабарномаҳои Кремл дар бораи эҳтимоли суҳбат бо Ҷо Байден чизе гуфта нашудааст.

Як рӯз пас аз ин суҳбат Русия Луҳанск ва Донбас, ду минтақаи ҷудоиталабро ба расмият шинохт.

Макрон пас аз оғози ҷанг низ борҳо бо Путин суҳбати телефонӣ дошт. Ӯ гуфта буд, ки аз суҳбат бо Путин хушҳол намешавад, вале барои сулҳ бояд роҳ биҷӯяд.

Мақомоти Русия мегуфтанд, ки нияти ҳамла ба Украинаро надоранд, вале рӯзи 24-уми феврал низомиёни рус вориди ин кишвар шуданд.

XS
SM
MD
LG