Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як сокини Исфара дар ҳамлаи мушакӣ дар Украина


Измиддин Зайниддинов дар Украина кушта шудааст.

Як шаҳрванди Тоҷикистон бар асари ҳамлаи мушакӣ ба тарабхонае дар шаҳри Чугуеви вилояти Харкови Украина кушта шудааст.

Ҷасади Измиддин Зайниддинови 38‑сола рӯзи 23‑уми июн пас аз берун овардан аз харобаҳои қаҳвахона дар яке аз қабристонҳои Харков ба хок супурда шудааст.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Киев хабари марги ин шаҳрванди Тоҷикистонро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки ӯ ду сол пеш аз Русия барои кор ба Украина омада буд.

“Ӯ корҳои гуногунро иҷро мекард ва як шуғли аниқ надошт. Қаҳвахонае, ки ӯ дар он буд, дар канори роҳ ҷойгир аст.”,‑гуфтанд дар сафорати Тоҷикистон дар Украина.

Измиддин зодаи ҷамоати Навгилеми шаҳри Исфараи вилояти Суғд буда, ҳамсар ва ду кӯдак доштааст.

Харков аз ҷониби нерӯҳои Русия мушакборон мешавад, вале дақиқан маълум нест, ки ин мушак аз кадом самт ба ин қаҳвахона афтодааст.

То кунун хабари марги наздик ба 20 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷанги Русия бо Украина расонаӣ шудааст, ки аксари онҳо низомиён мебошанд.

То оғози ҷанг дар Украина тақрибан наздик ба панҷ ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекарданд, ки аксаран ин кишваро тарк карданд.

Бештар хабари марги тоҷиконе нашр мешавад, ки дар артиши Русия муқобили Украина меҷанганд.

Дар наворҳое, ки дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезанад, дида мешавад, ки зодаҳои Тоҷикистон аз ҳарду ҷониби ҷанг ба асорат афтодаанд. Тасдиқу тафтиши дурустии ин навору хабарҳо дар шароити ҷанг номумкин аст.

Ҷанги Русия бо Украина, ки Кремлин «амалиёти махсус», вале Киев таҷовуз ба қаламраваш меномад, тақрибан чаҳор моҳ боз давом дорад.

Як нашрияи украинӣ чанде пеш рӯйхати низомиёни Русияро расонаӣ кард. Дар ин феҳрист номи наздик ба 6 ҳазор нафаре омадааст, ки аз Осиёи Марказӣ ҳастанд. Дар бораи наздик ба 100 нафари онҳо гуфта шудааст, ки зода ва парвардагони Тоҷикистонанд.

Садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳамзамон шиносномаи Русияро доранд. Байни ду кишвар низоми душаҳрвандӣ ҷорист.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG