Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти ҳазорҳо сокини Гурҷистон ба ҷонибдорӣ аз пайвастан ба ИА


Дар гирдиҳамоии эътирозии мухолифони Гурҷистон дар назди бинои порлумони он кишвар дар маркази шаҳри Тбилиси (Тифлис) даҳҳо ҳазор нафар ширкат карданд.

Ин гирдиҳамоӣ рӯзи 20-уми июн ва бо ташаббуси созмони ғайридавлатии "Сиртсхвилия", ки ба аҳзоби мухолифи Гурҷистон наздик аст, баргузор шуд.

"Сиртсхвилия" дар гирдиҳамоии мазкур ҳама гуна шиорҳоеро, ки ба мавзӯи "ҳамгироии аврупоии Гурҷистон" - иҷрои талаботи Иттиҳоди Аврупо аз ҳукумати Гурҷистон рабт надоранд, манъ кард.

Қаблан дар Брюссел гуфта буданд, ки Гурҷистон чанд шартро иҷро накардааст ва бинобар ин, ба монанди Украина ва Молдова мақоми номзади узвият дар Иттиҳоди Аврупоро дарёфт нахоҳад кард.

XS
SM
MD
LG