Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия ба занон хидмати қарордодиро пешниҳод кардаанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Комиссариати ҳарбии Северодвински Русия ба занон ва шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ хидмати шартномавиро пешниҳод дорад.

Эълон дар бораи қабул ба хидмат дар сомонаи ҳукумати шаҳр нашр шудааст. Дар он гуфта мешавад, шаҳрвандони хориҷӣ бояд аз 18 то 30 сол дошта, дар Русия қонунӣ ҳузур дошта бошанд.

Ба довталабони хидмат аз 200 ҳазор рубл маош ва имкони гирифтани “ипотека” (қарз барои харидани хона) ваъда дода шудааст. Гуфта мешавад, пули харидории манзилро Вазорати дифоъ мепардозад.

Рӯзи 24-уми феврал Русия бо фармони Владимир Путин ба Украина ҳамла кард. Маскав онро "амалиёти махсуси низомӣ" номид. Дар қаламрави Русия вазъияти ҳарбӣ эълон нашудааст, аммо осмони ҷануби кишвар барои ҳавопаймоҳои ғайринизомӣ баста аст.

Вазорати дифои Русия дар бораи талафоти артиши Русия ҳамагӣ ду бор хабар дода, шумораи кушташудаҳоро 1351 нафар ва захмиёнро 3825 эълон намуд.

Бино ба маълумоти истихбороти низомии Бритониё, то охири моҳи май Русия дар Украина ҳудуди 15 000 нафарро аз даст додааст. Ба иттилои ситоди кулли Украина, шумори кушташудагони артиши Русия аз 30 000 нафар гузашт.

Аз оғози ҷанги Русия дар Украина хабари марги тақрибан даҳ зодаи Тоҷикистон ба наздиконашон расида ё матбуот тасдиқи онро ёфтааст. Пайвандони ин ҷавонони тоҷик, ки ҳама сарбози Русия будаанд, кушта шудани онҳоро тасдиқ мекунанд.

XS
SM
MD
LG