Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Эрон як ҷавони узбектаборро барои қатли ду мулло ба дор кашиданд


Абдулатиф Муродӣ 21 сол доштааст.
Абдулатиф Муродӣ 21 сол доштааст.

Дар Эрон як ҷавони узбектаборро барои қатли ду рӯҳонии шиамазҳаб ва маҷруҳ кардани яке дигар дар зиёратгоҳи Имом Ризо ба дор овехтаанд.

Абдулатиф Муродиро, ки моҳи апрел ба ин руҳониён дар зиёратгоҳи муқаддаси шиаён ҳамла кард, рӯзи 20-уми июн дар зиндони Вакилобод дар шаҳри Машҳад ба дор кашидаанд. Хабари иҷрои ҳукми қатли марди суннимазҳабро Ғуломалӣ Содиқӣ, раиси додгоҳи Машҳад эълон кардааст.

Ҳамла ба руҳониён рӯзи 5-уми апрел ва дар моҳи Рамазон сурат гирифт. Дар натиҷа Ҳуҷҷатулислом Муҳаммад Аслонӣ ва Муҳаммад Содиқ Дороӣ кушта шуданд. Абдулатиф Муродӣ дар он замон 21-сола будааст.

Аҳмад Воҳидӣ вазири умури дохилии Эрон ҳамла ба руҳониёнро “ҳамлаи террористӣ” номид, ҳарчанд дигар мақомот мегуфтанд, ки қатли руҳониён кори дасти “унсурҳои такфирӣ” аст, ки ишора ба гуруҳҳои тундрави суннимазҳаб мебошад.

Ду рӯз пештар аз ин ҳамла ду руҳонии суниммазҳабро дар шаҳри шимолии Гунбади Ковуси Эрон куштанд. Дар Эрон, ки хонаи 83 миллион нафар аст, аз 5 то 10 дар сади аҳолиро суннимазҳабон ва бақияро шиазмазҳабон ташкил медиҳанд.

XS
SM
MD
LG