Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба маъбади ҳиндуҳо дар Кобул "2 кушта барҷой гузошт"


Маъбади сикҳо ва ҳиндуҳо пас аз ҳамлаи мусаллаҳона. Кобул, 18-уми июни 2022
Маъбади сикҳо ва ҳиндуҳо пас аз ҳамлаи мусаллаҳона. Кобул, 18-уми июни 2022

Вазорати корҳои дохилии ҳукумати Толибон дар Афғонистон мегӯяд, бар асари ҳамлаи мусаллаҳона ба ибодатгоҳи сикҳо ва ҳиндуҳо дар Кобул "ду кас кушта ва ҳафт нафар захмӣ шуданд". Ҳамла субҳи 18-уми июн сурат гирифт.

Сухангӯи Вазорати умури дохилии Толибон ба хабарнигорон гуфтааст, "як нерӯи амниятӣ ва яке аз ҳамватанони аҳли ҳинду кушта шуданд. Ҳамлавар аз пой дароварда шуд ва ҳоло амалиёти поксозӣ дар минтақа ҷараён дорад."

Бар асоси маълумоти ӯ, "ҳамла субҳи шанбе аз тарафи шуморе аз ҳамлаварони мусаллаҳи ношинос оғоз шуд".

Як шоҳиди ҳодиса ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфтааст, "аввал муҳофизони маъбадро куштанду сипас ба дохил рафтанд. Баъди он садои тирпарронӣ зиёд шуд. Субҳ шуморе аз сардорони ҳинду ба хотири ибодат меоянд."

Ин рӯйдод вокуниши мақомоти Ҳиндустон ба бор овард. Вазири корҳои хориҷии он кишвар ҳамла ба маъбади сикҳо ва ҳиндуҳоро дар Кобул “буздилона” хонд.

Аз замони ба қудрат расидани Толибон дар моҳи августи соли 2021 ба чанд масҷиду ибодатгоҳи мусулмонон дар Кобулу Кундуз ва Мазори Шариф ҳамла шудааст. Ин мавриди нахустин аст, ки пас аз ҳокимияти Толибон як ибодатгоҳи ҳиндуҳо ҳадаф қарор мегирад.

Масъулияти ҳодисаро то ҳанӯз ҳеч гуруҳе ба уҳда нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG