Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як зани 65-соларо барои танқиди Лукашенко зиндонӣ карданд


Алена Ҳнаук
Алена Ҳнаук

Як фаъоли сиёсии 65-соларо дар Беларус ба 42 моҳи ҳабс маҳкум карданд.

Алена Ҳнаук ба бадном кардани миллат ва туҳмат дар ҳаққи ҳокими худкомаи он кишвар Александр Лукашенко, ки солҳо боз ба саркӯби шадиди дигарандешон идома медиҳад, гунаҳкор шудааст.

Наздиконаш гуфтанд, додгоҳи ноҳияи Пружани дар минтақаи ғарбии Брест рӯзи 17-уми июн ин занро ба ҳабс гирифт.

Ҳуқуқдони собиқ баъди тазоҳуроти сартосарӣ дар моҳи августи соли 2020, ки дар пайи интихоботи баҳсбарангези президентии Беларус сар зад, чанд дафъа боздошт ва ба фаъолиятҳои зиддиҳукуматӣ айбдор шуд.

Он замон мақомот иддао доштанд, ки Александр Лукашенко баранда шудааст, аммо мухолифон номзади худ Светлана Тихановскаяро пирӯз мешумурданд.

Лукашенко аз соли 1994 Беларусро идора мекунад.

XS
SM
MD
LG