Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, бар асари ҳамлаи бедалели Русия ба Украина вазъи башарӣ дар шарқи ин кишвар ба “марҳилаи хеле нигаронкунанда” расидааст.
Оҷонси умури башардӯстонаи созмон (OCHA) рӯзи 17-уми июн дар баёнияе гуфт, вазъияти Украина, ба вижа дар минтақаи Донбасс, ба суръат дар ҳоли бадтар шудан аст.
Созмон ҳамчунон вазъиятро дар дохилу атрофи шаҳри Севередонетск нигаронкунанда хондааст. Ин шаҳр дар шарқи Украина чанд ҳафта боз саҳнаи даргирии шадид будааст.
Дар баёния гуфта шудааст, ҳазорон нафар, аз ҷумла занону кӯдакон ва пиронсолон бомбаборон ва даргирии давомдорро таҷриба мекунанд.