Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони Ишқобод ҳаққи бе иҷозат ба берун рафтанро гирифтанд


Шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон.
Шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон.

Сокинони шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон минбаъд метавонанд бе иҷозати Хадамоти муҳоҷирати он кишвар ба минтақаҳо сафар кунанд.

Бино ба иттилои расонаи “Хроника Туркменистана”, сокинони вилоятҳои Туркманистон ҳанӯз ҳам барои боздид аз Ишқобод бояд иҷозатнома гиранд. Шаҳрвандоне, ки бо қатора ё ҳавопаймо ба пойтахти Туркманистон сафар мекунанд, бояд натиҷаи санҷиши манфии COVID-19-ро нишон диҳанд.

Қабл аз ин шаҳрвандони Туркманистон танҳо барои иштирок дар маросими дафн, ёрии таъҷилии тиббӣ, эҳтиёҷи корӣ ё таҳсил метавонистанд ба пойтахт ворид шаванд ё онро тарк кунанд.

Пештар хабар дода шуд, ки Туркманистон ба интиқоли транзитии мол аз Узбекистон иҷозат додааст.

XS
SM
MD
LG