Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари КДАМ-и Қирғизистон: "Чаро ба шумо инқилоб лозим аст?"


Акс аз соли 2021
Акс аз соли 2021

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев дар суҳбат бо расонаи "Новые лица" гуфтааст, баъзе аз неруҳои сиёсии он кишвар талош доранд, "як навъ нооромӣ"-eро ташкил кунанд.

Ӯ ҳушдор додааст, ки дар Қирғизистон ҳама чиз зери назорати ниҳоди таҳти раҳбарии ӯ қарор дорад.

"Чаро? Зеро тамоми ҷомеа, одамони муътадил ва мутафаккир мефаҳмад, ки инқилоби навбатӣ ба ягон чизи хуб оварда намерасонад. Мо бояд рушд кунем. Мо бояд бо тамоми неруҳои сиёсӣ, ҳатто бо он одамоне, ки инқилоб кардан мехоҳанд, созиш кунем. Ҳамаи онҳоро даъват мекунам, ки "бачаҳо, биёед! Чаро ба шумо инқилоб лозим аст?", - изҳор доштааст ӯ.

Тошиев таъкид карда, ки кумита тамоми чораҳоро меандешад, то дар Қирғизистон дигар нооромӣ рух надиҳад.

Вай дар посух ба суоли он ки оё кумита суҳбатҳои сокинонро гӯш мекунад, гуфтааст, ки хадамоти махсуси Қирғизистон "ҳамаро пурра назорат мекунад".

XS
SM
MD
LG