Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ гуфт, соли 2021 шумори паноҳҷӯён рекордӣ шуд. Афзоиш идома дорад


Шаҳри Мариуполи Украина давоми чандин ҳафта мавриди бомбаборони нирӯҳои русӣ қарор дошт. Дар ин нуқтаи паноҳҷӯён духтари бехона барои худ бозие аз қуттии хайрия интихоб мекунад
Шаҳри Мариуполи Украина давоми чандин ҳафта мавриди бомбаборони нирӯҳои русӣ қарор дошт. Дар ин нуқтаи паноҳҷӯён духтари бехона барои худ бозие аз қуттии хайрия интихоб мекунад

UNHCR – Дафтари умури паноҳандагони СММ мегӯяд, ки соли 2021 шумори афроди паноҳҷӯ дар сайёра ҷунон зиёд шуд, ки роҳҳалҳои мавҷуда барои кӯмак ба ин қишри мардум дигар кифоят намекунад.

Дар гузорише, ки рӯзи 16-уми июн бо номи “Тамоюлҳои ҷаҳонӣ” нашр шудааст, UNHCR мегӯяд, ки шумори мардуме, ки маҷбур шудааст хонаҳои худро тарк кунад, дар соли 2021 ба дараҷаи рекордӣ расид ва ин мардум аксаран аз таъқиб, низоъ, хушунат, поймолшавии ҳуқуқи инсон ва ҳам ҳодисаҳои вобаста ба беназмиҳо рӯ ба гурез овардаанд. Шумори фирориҳо соли 2021 назар ба соле аз он пеш 8 дарсад зиёд шуда, дар умум ду баробар бештар назар ба даҳ соли пеш будааст.

Мутахассисони СММ аз он нигарон ҳастанд, ки дар паи ҷанги беасоси Русия дар хоки Украина шумори мардуми беҷошуда аз замони Ҷанги дуюми ҷаҳон ба сатҳи бесобиқа баланд афзоиш ёфт ва ба мушкили бе ин ҳам сахти муҳоҷират афзуд. Баробар бо ин, муҳоҷирати мардум дар Африқо, Афғонистон ва дигар қаламравҳои ҷаҳон ҳамоно идома дорад ва то имрӯз аз нуқтаи рекордии 100 миллион нафар гузашт.

Филиппо Гранди, раҳбари UNHCR мегӯяд, дар даҳ соли охир афзоиш идома меёбад. Ӯ гуфт, ҳоло фурсати он расидааст, ки барои “расидагӣ ба ин ҳолати ноилоҷии башарӣ даст ба амал занем, ваё бигузорем, ки ин ҳолат ба сатҳи афзоиши даҳшатнок рафтан гирад”.

Аз замони шурӯи ҷанг дар Украина ҳисоб шудааст, ки 7 миллион украинӣ

дохили ватани худ ва боз 6 миллион нафари дигар дар хориҷа саргардон шудаанд. UNHCR мегӯяд, камбуди ғизо, таваррум, гармоиши иқлим ба мушкили паноҳҷӯён афзуда, дурнамои ҳалли бӯҳрони муҳоҷиронро то рафт мушкилтар мекунад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG