Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонаводаи Пиннер ҳукми ӯро дар Донетск ғайриқонунӣ номиданд


Шон Пиннер
Шон Пиннер

Хонаводаи Шон Пиннер аз Бритониё гуфтаанд, аз муҳокимаи намоишӣ ва ғайриқонунии ӯ дар минтақаи ҷудоиталаби Донетски Украина бисёр мутаассир шуданд.

Эъломияи онҳо рӯзи 11-уми июн ва тавассути Вазорати корҳои хориҷии Бритониё нашру паҳн шуд.

Дар эъломия гуфтаанд, Шон Пиннер бар асоси Конвенсияи Женева бояд аз ҳамаи ҳуқуқи як асири ҷангӣ баҳрманд шавад.

Додгоҳи Донетски Украина, минтақаи зери ҳимояти Русия, рӯзи 9-уми июн Пиннерро ба далели мубориза дар канори нерӯҳои украинӣ ба эъдом маҳкум кард.

Бо ҳамин гуноҳ Айден Аслин аз Бритониё ва Броҳим Сааудун, донишҷӯи марокашӣ низ ба қатл маҳкум шудаанд.

Аслин ва Пиннер дар як қисми низомии Украина дар шаҳри Мариупол хидмат мекарданд. Онҳоро моҳи апрел дастгир кардаанд.

Сааудун моҳи март дар наздикии шаҳри Волновахаи вилояти Донетск ба асорат афтод.

Мақомоти Русия онҳоро "зархарид" шумурда, гуфтаанд, нисбаташон қонунҳои байнулмилалӣ дар бораи асирони ҷангӣ татбиқ нахоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG