Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷудоихоҳон дар Украина се хориҷиро ба қатл маҳкум кардаанд


Айден Аслин, Шон Пиннер ва Броҳим Сааудун
Айден Аслин, Шон Пиннер ва Броҳим Сааудун

Ҷудоиталабони таҳти ҳимояти Русия дар вилояти Донетски Украина ду шаҳрванди Бритониё ва як марокаширо ба эъдом маҳкум кардаанд.

Раҳбарони ҷудоихоҳон гуфтаанд, Айден Аслин ва Шон Пиннер аз Бритониё ва Броҳим Сааудун, донишҷӯи марокашӣ, 9-уми июн, ба "зархаридӣ" ва "мадад ба нерӯҳои мусаллаҳи Украина" гунаҳкор шуданд.

Аслин ва Пиннер дар як қисми низомии Украина дар шаҳри Мариупол хидмат мекарданд. Онҳоро моҳи апрел дастгир кардаанд.

Сааудун моҳи март дар наздикии шаҳри Волновахаи вилояти Донетск ба асорат афтод.

Мақомоти Русия онҳоро "зархарид" ҳисобида, гуфтаанд, қонунҳои байнулмилалӣ дар бораи асирони ҷангӣ нисбаташон татбиқ нахоҳад шуд.

Сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон ҳукми се нафарро маҳкум кард.

XS
SM
MD
LG