Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори як кирокаш дар Узбекистон дар дохили мошин


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар шаҳри Урганҷи Узбекистон, дар яке аз кӯчаҳои серодам ронандаи таксиеро куштаанд.

Рӯзи 2 июн дар шаҳри Урганҷи Узбекистон ронандаи таксиеро куштанд, ки дар канори роҳ меистод. Навори ин ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.

Дар навор дида мешавад, ки чи гуна чанд одам сӯи мошин медаванд ва яке аз онҳо, ба эҳтимоли зиёд, бо корд ба ронанда чанд зарба мезанад.

Дар шарҳи навор гуфта мешавад, ки дар ин куштор ҳашт нафар ширкат кардааст.

Дар додситонии кулли Узбекистон гуфтанд, аз рӯи ин ҳодиса парванда боз шуда, як нафар дар куштор ва ҳафт тани дигар дар авбошӣ гумонбар мешаванд.

XS
SM
MD
LG