Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА раъйпурсии Қазоқистонро "ба назар гирифт" ва...


Иттиҳоди Аврупо гуфт, раъйпурсии рӯзи 5-уми июн дар Қазоқистонро "ба назар гирифта", ба иҷрои тавсияҳои Бюрои ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА даъват мекунад.

"Иттиҳоди Аврупо ислоҳоти сиёсиро истиқбол мекунад. Барои Қазоқистон хеле муҳим аст, ки тавсияҳои Бюрои ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА-ро иҷро кунад," -- омадааст дар изҳороти Иттиҳоди Аврупо.

Баъди интихоботи порлумонии моҳи январи соли 2021 намояндагони Иттиҳоди Аврупо гуфта буданд, шаҳвардони Қазоқистон "аз ҳаққи интихоб маҳруманд" ва шаффофият дар интихобот мавҷуд набуд.

Он замон САҲА набудани кумисюнҳои мустақил, ҳаққи раъйдиҳӣ ва номзад шудан дар интихобот ва ғайраро зикр карда буд.

Иттиҳоди Аврупо интихоботи соли гузаштаро натиҷаи "камбудии мунтазам" ва "аз даст додани имконият" баҳо дода буд.

Маъмурияти Бюрои ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА пештар хабар дод, ки фаъолияташро дар Қазоқистон рӯзи 9-уми июн ба поён мерасонад. Таҳлил ва тавсияҳои маъмурият бо гузашти як моҳ баъд аз раъйпурсии рӯзи 5-уми июн нашр хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG