Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Вакил намерасад." Аз боздоштшудаҳо дар Хоруғу Рӯшон кӣ ҳимоят мекунад? ВИДЕО


Хоруғ, 16-уми майи 2022
Хоруғ, 16-уми майи 2022

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар тақрибан як моҳи охир дар онҷо даҳҳо нафар кушта, захмӣ ва боздошт шудаанд, аз камбуди шадиди вакили мудофеъ ё адвокат шикоят доранд. Ҷустуҷӯйи Радиои Озодӣ нишон дод, ки ба тақрибан 250 ҳазор аҳолии вилоят 4 вакили дифоъ хидмат мерасонанд. Бино ба рӯйхати Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон, ҳафт вакили мудофеъ дар онҷо сабтином шудаанд.

"Ба гуноҳ иқрор шуданд", аммо чӣ гуна?

Дар пайи эътирози як гуруҳ аз сокинони шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон дар рӯзҳои 16-17-уми майи имсол, мақомот "амалиёти зиддитеррористӣ" баргузор карданд. Дар ҷараёни он даҳҳо нафар куштаву захмӣ ва дастгир шуданд. Баъзе аз ин афрод дар шароити мармуз "ба гуноҳашон иқрор шуданд." Аммо ҳомиёни ҳуқуқ аз дастрасӣ надоштани онҳо бо вакили мудофеъ нигаронанд.

Бунёди Ҳелсинкӣ барои дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар Лаҳистон; Ҳамкории Байнулмилалӣ барои ҳимоят аз ҳуқуқи башар; Кумитаи Норвежии Ҳелсинкӣ ва Созмони Ҷаҳонии зидди шиканҷа рӯзи 24-уми май дар як изҳорот гуфтанд, боздоштшудаҳо дар Бадахшон “ба вакили мудофеъ дастрасӣ надоштанд” ва “мавриди латукӯби шадид қарор гирифтанд”. Мақомот ҳанӯз ба ин баёнияҳо вокуниш накардаанд.

Ба қавли манобеи Радиои Озодӣ, камбуди вакили мудофеъ боис шудааст, ки аз моҳи ноябри соли 2021 ба ин сӯ аксар мурофиаҳо бе тарафи ҳимоя баргузор шаванд. Кӯшиши мо барои гирифтани назари мақомот дар Бадахшон бенатиҷа буд. Ду масъули Додгоҳи ВМКБ рӯзи 8-уми июн, баъд аз шунидани суоли мо, гӯширо гузоштанд.

"Ду кас дар Ванҷу Мурғоб, ду нафар дар Хоруғ"

Кофтукоби хабарнигорони Радиои Озодӣ нишон дод, ки теъдоди вакилони дифоъ дар ВМКБ хеле кам аст. Тибқи рӯйхати Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамагӣ 7 вакили дифоъ иҷозати кор доранд. Ба иттилои дарёфтии мо, аз инҳо фақат 4 нафар амалан дар ВМКБ ҳастанд.

Баъзе аз вакилони дифоъ, ки номашон дар рӯйхати адвокатҳои ВМКБ аст, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар асл дар Душанбе кор мекунанд. Кофтукоби Радиои Озодӣ нишон дод, ки “як вакили дифоъ дар Ванҷ, як нафар дар Мурғоб ва ду нафар дар шаҳри Хоруғ ҳастанд”.

Вакилони дифое, ки феълан дар Бадахшон ҳастанд, намехоҳанд, номашон зикр шавад. Яке аз онҳо ба шарти фош нашудани номаш гуфт, “шароити кор дар вилоят мушкил аст. Парвандаҳои ҳассос дар Бадахшон зиёданд, барои ҳамин бисёр адвокатҳо намехоҳанд, ба инҷо омада кор кунанд.”

Аз боздоштшудаҳо дар Хоруғу Рӯшон кӣ ҳимоят мекунад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:49 0:00

Қонуни асосии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, ки “ҳар шахс аз лаҳзаи дастгир шудан метавонад аз ёрии адвокат истифода кунад.” Бар асоси муқаррароти Кодекси мурофиавии ҷиноӣ, агар шахси боздоштшуда барои адвокат дархост пешниҳод кунад, ҳатман бояд бо вакили дифоъ таъмин карда шавад. Агар шахси дастгиршуда тавони киро кардани адвокатро надошта бошад, давлат бояд ӯро бо вакили дифоъ таъмин кунад.

"Вақте адвокат нест..."

Шӯҳрат Қудратов, адвокати тоҷик, ки дар чандин парвандаи пурсарусадо ширкат кардааст, мегӯяд, набудани вакили дифоъ дар ҳар ҳолат ба зарари шахси гумонбар аст. Зеро ба гуфтаи Қудратов, на ҳама шаҳрвандон метавонанд, аз ҳуқуқи худ ҳимоят кунанд.

Шӯҳрат Қудратов
Шӯҳрат Қудратов

“Вақте шахс ба ҳабс гирифта мешавад, бояд аз ҳимоятгар истифода барад. Чунки ҳаракати шахсони боздоштшуда маҳдуд мешавад ва барои ҳамин дар дастрас намудани як хел ҳуҷҷат ва далелҳо дасташон кӯтоҳ мебошад. Дар ин маврид вакили мудофеъ метавонад, ба онҳо мадад намояд ва манфиатҳои ӯро ҳимоят кунад,” -- афзуд Қудратов рӯзи 8-уми июн.

Нарасидани вакили дифоъ дар Тоҷикистон баъди соли 2015 ва пас аз қабули қонуни нав дар бораи адвокатура ба миён омад. Бо қабули қонуни нав, вакилони дифоъ муваззаф шуданд, ки дар назди Вазорати адлия имтиҳон супорида, мақоми адвокатӣ бигиранд. Баъди тасвиби ин банди қонун то соли 2016 аз ду ҳазор вакили дифоъ танҳо 312 кас ҳаққи кор пайдо карданд.

Тибқи иттилои Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон, феълан дар кишвар ҳудуди 800 адвокат кор мекунанд. Созмони Милали Муттаҳид ба Тоҷикистон тавсия дода буд, ки қонун дар бораи адвокатураро ислоҳ кунад. Тавсияе, ки Душанбе то ҳол иҷро накардааст.

XS
SM
MD
LG