Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон ба сохтмони нерӯгоҳи “Қамбарота-1” оғоз карданд


Маҳалли сохтмони "Қамбарота-1", 8-уми июни 2022
Маҳалли сохтмони "Қамбарота-1", 8-уми июни 2022

Рӯзи 8-уми июн сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Қамбарота-1” дар вилояти Ҷалолободи Қирғизистон оғоз шуд. Содир Ҷабборов (Жапаров), раисиҷумҳури Қирғизистон, гуфт, дар марҳилаи аввали сохтмон наздик ба 1,5 миллиард сом ҷудо шудааст.

Ба гуфтаи вай, кишварҳои ҳамсоя – Қазоқистон ва Узбекистон – изҳори омодагӣ карданд, ки дар тарҳи мазкур сармоягузорӣ хоҳанд кард. Ба иттилои хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон, нерӯгоҳи “Қамбарота-1” камбуди нерӯи барқро дар Қирғизистон ҳал ва дар оянда, дар доираи тарҳи CASA-1000, ба хориҷ барқ содир хоҳад кард.

Раиси девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Ҷабборов рӯзи 7-уми июн гуфт, барои сохтмони марҳилаи аввали нерӯгоҳ 3,5 - 5 сол даркор аст.

XS
SM
MD
LG