Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон ба Украина дору фиристод


Узбекистон ба арзиши 1 миллион доллар ба Украина 19 тонна дору фиристод.

Вилояти Закарпатяи Украина рӯзи 6-уми июн аз Узбекистон ёрии башардӯстона дарёфт кард. Дар ин бора раиси вилояти Закарпатя Виктор Микита хабар дод.

Ба гуфтаи вай, бештар аз 19 тонна дору тавассути ҳавопаймо нахуст ба Словакия ва аз он ҷо ба Закарпатя оварда шудааст.

Арзиши умумии доруҳо бештар аз 1 миллион долларро ташкил медиҳад.

"Ин доруҳо барои низомиҳое ирсол шудааст, ки дар минтақаҳои низоъ меҷанганд ва ё дар бемористонҳо бистарӣ ҳастанд," -- омадааст дар хабари раиси вилоят.

"Содиқона аз дӯстонамон, соҳибкорон, волонтёрон дар Узбекистон барои ин кумак сипосгузорӣ мекунем", -- гуфтааст раиси вилояти Закарпатя.

Ин дувумин ёрии башардӯстона аст, ки аз Узбекистон ба Украина фиристода мешавад. Мадади нахустин дар моҳи апрел ирсол шуда буд, ки бештар аз 34 тонна дору ва маҳсулоти ғизоиро дар бар мегирифт.

XS
SM
MD
LG