Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовини дабири СММ бо Раҳмон вохӯрд, вале аз Бадахшону Улфатхоним гуфт?


Амина Муҳаммад ва Эмомалӣ Раҳмон, Душанбе, 7-уми июни 2022
Амина Муҳаммад ва Эмомалӣ Раҳмон, Душанбе, 7-уми июни 2022

Амина Муҳаммад, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, ки дар Тоҷикистон аст, рӯзи 7-уми июн бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кардааст.

Манобеи расмӣ мегӯянд, ду тараф дар бораи таҳдиду буҳронҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла гуруснагиву муноқишаҳои мусаллаҳона, терроризму ифротгароӣ ва тағйири иқлим, суҳбат карданд, аммо маълум нест, ҳодисаҳои Хоруғу Рӯшон ҳам матраҳ будааст ё не.

"Дар мулоқот ҷонибҳо алоқамандии худро барои идомаи ҳамкорӣ дар самти дастрасӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор, инчунин, барқароршавии пас аз ҳамагирии COVID-19 изҳор намуданд," – навиштааст хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон.

Ин дар ҳолест, ки охири ҳафтаи гузашта як созмони муътабари ҳомии ҳуқуқ аз Амина Муҳаммад хоста буд, ҳангоми сафараш ба Тоҷикистон масъалаи Бадахшон ва нооромиҳоро дар он вилоят бо мақомот дар миён бигузорад.

Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch), қароргоҳаш дар Ню-Йорк, рӯзи 3-юми июн гуфт, сафари муовини дабири кулли Созмони Милал ба Осиёи Марказӣ дар замони бисёр муҳиме сурат мегирад, чун дар минтақа нигарониҳои зиёде аз нақзи ҷиддии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла қатли ғайринизомиён ба дасти нерӯҳои амниятӣ, боздошти ҳомиёни ҳуқуқ ва журналистон, маҳдуд кардани озодии гирдиҳамоӣ ва ҳуқуқи занон вуҷуд дорад.

Дар Тоҷикистон, ба гуфтаи Дидбони Ҳуқуқи Башар, муовини дабири кулли Созмони Милал бояд аз ҳукумат бихоҳад, ки истифодаи нерӯ ба зидди тазоҳургаронеро таҳқиқ намояд, ки моҳи май дар ноҳияи Рӯшони Бадахшон сабаби марги бештар аз аз 20 нафар шуд.

Дар баёнияи Дидбони Ҳуқуқи Башар теъдоди қурбониёнро на камтар аз 40 нафар навишта ва гуфтаанд, ки фавқуллода муҳим аст, то пулис ҳангоми назорати тазоҳурот дар оянда хештандорӣ нишон бидиҳад. Дақиқ нест, Амина Муҳаммад дар суҳбат бо президент Раҳмон дар ин бора чизе гуфтааст ё не.

Хоруғ, 16-уми майи 2022
Хоруғ, 16-уми майи 2022

Баъди як тазоҳуроти олуда бо хушунат дар Бадахшон дар рӯзи 16-уми май, ки бо марги як ҷавон анҷомид, ҳукумати Тоҷикистон ба Хоруғ нерӯҳои махсусро фиристод, то ба гуфтаи мақомот амалиёти “зиддитеррористӣ” анҷом диҳанд. Дар натиҷа рӯзи 18-уми май ҳангоми пароканда кардани гуруҳе аз сокинони ноҳияи Рӯшон, ки роҳи Душанбе-Хоруғро баста буданд, чандин нафар куштаву захмӣ шуданд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар ҳамчунин бо муроҷиат ба Амина Муҳаммад гуфтааст, зимни мулоқот бо мақомоти Тоҷикистон аз онҳо бихоҳад, ки Улфатхоним Мамадшоева, рӯзноманигор ва фаъоли маданиро, ки моҳи май бо иттиҳоми барангехтани тазоҳуроту нооромӣ дастгир шуд, аз боздошт озод кунанд.

Улфатхоним Мамадшоева
Улфатхоним Мамадшоева

Мақомоти интизомии Тоҷикистон Улфатхоним Мамадшоеваро яке аз тарҳрезони нооромиҳо дар Хоруғ номида, дар як филме намоиш доданд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, мақомоти далели собите дар ин бора надоранд ва “эътирофи” Улфатхоним, ки дар филм мегӯяд, дар барангехтани нооромиҳо нақш дошт, бо зӯру таҳдид ҳосил шуда ва сохта аст.

XS
SM
MD
LG