Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский гуфт, ки дар Запорожйе чӣ дид


Владимир Зеленский, Киев, 6-уми июни 2022
Владимир Зеленский, Киев, 6-уми июни 2022

Раисиҷумҳури Украина мегӯяд, дар вилояти Запорожйе "вазъияти таҳдидомез ба вуҷуд омадааст, зеро нерӯҳои Русия талош доранд, маркази ин вилоятро ишғол кунанд.”

Владимир Зеленский дар нишасти хабарии 6-уми июн гуфт, “душман мехоҳад, маркази вилоят – шаҳри Запорожйеро таҳти назораташ қарор диҳад.”

Ситоди марказии нерӯҳои Украина ҳам дар ин бора хабар дода, афзудааст, Русия ба ин самт нерӯҳои иловагӣ фиристодааст.

Ишғоли Запорожйе имкон медиҳад, ки нерӯҳои Русия ба минтақаҳои марказии Украина наздик шаванд.

Президенти Украина иброз дошт, ки дар Донбас нерӯҳои кишвараш истодагариро ба нерӯҳои таҷовузгар идома дода, бахше аз шаҳри Северодонетскро таҳти тасарруфашон нигаҳ доштаанд. Зеленский таъкид кард, аз Туркия ва Бритониё хостааст, содироти гандуми украиниро тавассути бандарҳои Баҳри Сиёҳ ба дӯш гиранд.

XS
SM
MD
LG