Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина: Аз оғози ҳамлаи Русия 32 рӯзноманигор кушта шудаанд


Вера Гирич, хабарнигори бахши украинии Радиои Озодӣ, ки дар ҳамлаи Русия ҷон бохт.
Вера Гирич, хабарнигори бахши украинии Радиои Озодӣ, ки дар ҳамлаи Русия ҷон бохт.

Аз оғози ҳамлаи артиши Русия ба Украина 32 рӯзноманигор ҷони худро аз даст додаанд. Дар ин бора рӯзи 6-уми июн вазири фарҳанг ва сиёсати иттилоотии Украина Александр Ткаченко хабар дод.

Дар Украина рӯзи 6-уми июн ҳамчун Рӯзи рӯзноманигор таҷлил мешавад. Вазир дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, рӯзноманигороне, ки дар шароити ҷангӣ фаъолият доранд, гуё "дар сафи аввали фронт меҷанганд".

"Дар чаҳор моҳи ҷанги фарогир мо 32 ҳамкасбро аз даст додем, дар ҳашт сол теъдоди аз ин бештарро. Шумо қаҳрамонед, нақши Шумо, ҷасорати Шумо ва садоқати Шумо ба коратон ба таври бояду шояд баҳо дода нашудааст", - навишт Ткаченко.

Созмони "Хабарнигорони бидуни марз", ки қурбониён ва захмиҳо миёни хабарнигоронро сабт мекунад, ба Додгоҳи ҷиноии байнаулмилалӣ чанд шикоят бурдааст. Ин созмон талаб дорад, ки қатли рӯзноманигорон дар ҷанги Русия зидди Украина ҳамчун ҷинояти ҷангӣ баҳо дода шавад.

XS
SM
MD
LG