Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон тасмим доранд, маблағҳоро аз хориҷ "биоранд"


Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон, барои баргардондани маблағҳое, ки "ғайриқонунӣ ба хориҷ бурда шудаанд", комиссия таъсис дод.

Дар бораи таъсиси ин комиссия рӯзи 5-уми июн аз дастгоҳи президенти Қазоқистон хабар доданд.

Комиссияи мазкурро додситонии кулли Қазоқистон роҳбарӣ мекунад ва ин комиссия маблағҳоеро аз хориҷ бармегардонад, ки шаҳрвандони Қазоқистон ғайриқонунӣ берун бурдаанд.

Чанд рӯз пеш аз хабари таъсиси комиссия вакили порлумони Қазоқистон Максат Раманқулов, бо такя ба иттилоои созмони Tax justice network, гуфта буд, ки дар 25 соли охир аз Қазоқистон ба минтақаҳои офшор 140-160 миллиард доллар бурда шудааст.

Президент Тоқаев пештар гуфта буд, ки 162 шаҳрванди Қазоқистон нисфе аз дороиҳои кишварашро дар ихтиёр доранд.

Моҳи май як созмони аврупоӣ хабар дода буд, 1550 қазоқистонӣ дар Дубай 2694 амвол доранд, ки арзиши умумии ин амвол 1,018 миллиард доллар аст.

XS
SM
MD
LG