Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аз бӯйи он на нон хӯрда мешавад, на чизи дигар." Аз зиндони Ваҳдат чӣ берун меояд?


Сокинони деҳаи Камонгарони шаҳри Ваҳдат мегӯянд, як сол боз "оромӣ" надоранд
Сокинони деҳаи Камонгарони шаҳри Ваҳдат мегӯянд, як сол боз "оромӣ" надоранд

Сокинони деҳаи Камонгарон, дар канори Душанбе, шикоят доранд, ки тақрибан як сол боз оби ҳаммому ҳоҷатхонаи зиндони нави Ваҳдат “бидуни поккории зарурӣ” ба ҷӯйбори маҳаллаашон мерезаду касе дар фикри ҳаллаш нест. Масъулон мегӯянд, “каме буйи бад ҳаст”, вале масъала ба он ҳадде нест, ки сокинон тасвир мекунанд.

Маҳбаси нав дар канори роҳи Душанбе - Ваҳдат, дар 15-километрии маркази пойтахт, ҷойгир аст. Дар рӯ ба рӯи он ва наздик ба деҳаи Камонгарон “Маркази поккории оби партоб” сохтаанд, ки ба Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ ё Идораи зиндонҳо тааллуқ дорад. Сокинон мегӯянд, марказ дуруст кор намекунад.

"Ду мурғобӣ дорам, ба ин об намедароянд"

Икромуддин Расулов, сокини деҳаи Камонгарони Ваҳдат, дар охири моҳи май ба Радиои Озодӣ гуфт, муроҷиати онҳо барои ҳалли масъалаи оби ифлос бенатиҷа мондааст. "Ба ҷамоату раиси маҳалла ва масъулони поккории об гуфтем, лекин ҳеч чора надиданд. Ваъда доданд, ки ба ҳамин наздикӣ дастгоҳе оварда, насб мекунанд, вале коре накарданд,” -- афзуд ӯ.

Мусоҳиби мо гуфт, ба ҳамин далел, обро аз болотари деҳа, ки нисбатан тоза аст, меоранду истифода мебаранд: "Дар маҳбас шояд беморон ҳастанд. Оби истифодакардаи онҳоро, ки аз ҳаммому ҳоҷатхона меояд, чӣ гуна истифода барем? Ба Худо қасам, ду мурғобӣ дорам, ба ин об намедароянд.”

Ба қавли сокинон, ғайр аз оби ошомиданӣ, корҳои дигари хонаву заминро бо оби ҷӯйбори назди манзилашон ҳал мекарданд, вале як сол боз аз ин маҳруманд. "Ин об ба дохили ҳавлии ман низ мерезад. Аз бӯйи он на нон хӯрда мешавад, на чизи дигар. Гоҳе шабҳо пашшаи зиёд ҷамъ мешавад. Заминро об дода натавонем, косаву табақ шуста натавонем, говро об дода натавонем, чӣ кор кунем?" – пурсид Аслия Мирзоева, сокини дигари деҳаи Камонгарон.

"Масъала ҳалшаванда аст"

Рӯзи 20-уми майи имсол баъзе аз қисматҳои оби ҷӯйбори деҳаи Камонгарон ифлос ба назар мерасид. Буйи ғализ низ эҳсос мешуд. Оби ҷӯйбор дар баробари деҳаи Камонгарон аз ҳудуди маҳаллаҳои Мавлавӣ, Тезгар, Янгиқурғон низ мегузаштааст, ки ба қавли сокинон ҳазорҳо нафар дар ин маҳаллаҳо ба сар мебаранд.

Баҳром Ҳасанов, мудири Маркази поккории об, ки ба Раёсати зиндонҳо мутааллиқ аст, гуфт, чанде пеш дар пайи якбора қатъ шудани нерӯи барқ тоза кардани об мушкил шуду зуд бартараф гардид. Вай тасдиқ кард, ки каме буйи бад ҳаст, вале ба зудӣ ҳал хоҳад шуд.

"Хлор овардем, зада истодаем. Масъала ҳалшаванда аст. Бале, каме бӯй мекунад, хлор зада истодаем, то дар оянда бӯй накуанад," – афзуд Баҳром Ҳасанов.

Сокинон нигаронанд, ки то ҳол барояшон маълум нест, масъалаи оби ифлос ва бӯи ғализ дар маҳалли зисташон кай бартараф мешавад. Баъзе аз сокинон гуфтанд, ҳангоми сохтмону гузарондани хати оби маҳбас ба деҳаашон борҳо дар бораи оқибатҳои бадаш ёдрас шуда буданд, вале масъулон гӯш надоданд ва имрӯз ҷабрашро мардум мекашанд.

Зиндони нав бо меъёрҳои байнулмилалӣ?

Акбар Ятимов, муовини раиси ҷамоати Баҳор, ки Камонгарон ба он дохил мешавад, рӯзи 20-уми май аз шарҳи мавзуъ худдорӣ варзид. Вай гуфт, аз мушкили сокинон хабар надорад ва масъаларо мебинаду баъдан шарҳ медиҳад. Ятимов аз он нигаронӣ намуд, ки чаро бе мувофиқа бо онҳо ба назди сокинон рафтем ва гӯширо гузошт.

Маҳбаси нави Ваҳдатро соли гузашта ба истифода дода, зиндониҳоеро, ки дар маҳбаси рақами аввал дар маркази Душанбе нигоҳдорӣ мешуданд, ба ин ҷо кӯчонданд. Мақомот мегӯянд, зиндони навро бар асоси меъёрҳои байнулмилалӣ сохтаанд, аммо чун ба хабарнигорон иҷозаи боздид намедиҳанд, маълум нест, то куҷо чунин иддао асос дорад.

Бар асоси омори расмӣ, дар Тоҷикистон 19 боздоштгоҳу зиндон мавҷуд аст. Дар гузаша, гуфта мешуд, дар ин муассисаҳо тақрибан 13 ҳазор маҳбусро нигоҳ медоранд, вале бар асоси қонуни афв, ки бахше аз зиндониён раҳо шудаанд, феълан барои расонаҳо омори дақиқи маҳбусон маълум нест. Дар се соли охир зиндонҳои Тоҷикистон шоҳиди чанд ошӯби хунин шуданд.

XS
SM
MD
LG