Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нурсултон Назарбоев овоз дод, вале чизе нагуфт


Нурсултон Назарбоев акс аз бойгонӣ
Нурсултон Назарбоев акс аз бойгонӣ

Раисиҷумҳури собиқи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рӯзи 5-уми июн дар ройпурсӣ барои ислоҳи Қонуни асосии кишвараш иштирок кард.

Вай дар як ҳавзаи овоздиҳӣ дар шаҳри Нурсултон бо муҳофизон пайдо шуд. Дафтари матбуоти Назарбоев видеои кӯтоҳи таҳриршударо дар ин бора паҳн кард.

Бино бар он, Назарбоев дар варақаи овоздиҳӣ имзо гузошта, ба сандуқ партофтаву бо ишораи даст аз ҳавза берун рафтааст. Дар навор гапе аз ӯ нест.

Тибқи тарҳи иловаҳо ба Қонуни асосии Қазоқистон, бандҳои вобаста ба раисиҷумҳури нахустин, ки манзур аз он Нурсултон Назарбоев аст, берун карда хоҳад шуд.

Мақомоти баландпоя ва вакилони порлумон гуфтаанд, дар сурати қабули ислоҳҳо, қонун “Элбасӣ” ё “Пешвои миллат”, ки дахлнопазирии Назарбоеву аъзои оилаи ӯ ва дороиҳояшонро замонат медиҳад, низ аз байн хоҳад рафт.

XS
SM
MD
LG