Раиси девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Ҷабборов аз рафти корҳои омодагӣ ба сохтмони неругоҳи Қамбарота-1 дар дарёи Норин дидан кард.
Доскул Бекмирзоев, вазири энержии Қирғизистон дар ин сафар ба Ҷабборов хабар дод, ки давоми ду соли оянда роҳҳову пулҳо барқарор мешаванд ва анбору зерсохторҳо барои коргарон бунёд мегарданд. Бекмирзоев ҳамчунин гуфт, нахустин чархаи неругоҳ баъди 8 сол ба кор хоҳад даромад.
Ин дар ҳолест, ки Оқилбек Ҷабборов моҳи марти соли ҷорӣ гуфта буд, неругоҳи Қамбарота-1 давоми 3-5 соли оянда ба кор медарояд. Вай гуфта буд, ки аз буҷаи Қирғизистон барои сохтмони неругоҳ дар соли 2022 20 млн доллар ҷудо шудааст.
Моҳи марти соли 2021 Қирғизистону Узбекистон изҳор доштанд, ки неругоҳи Қамбарота-1-ро дар якҷоягӣ месозанд. Моҳи майи соли ҷорӣ президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев низ гуфт, мехоҳад, неругоҳи Қамбарота-1 дар якҷоягӣ сохта шавад.
Соли 2021 Қирғизистону Русия барои сохтмони неругоҳи Қамбарота-1 созишнома баста буданд. Аммо созишнома соли 2016 якҷониба, аз тарафи Қирғизистон, бекор карда шуд.