Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирпаронӣ дар яке аз беморхонаҳои Амрико 5 кушта бар ҷой гузошт


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар натиҷаи тирпаронӣ дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Талсаи ИМА панҷ нафар бо шумули марди ҳамлагар кушта шудааст.

Пулиси маҳаллӣ гуфт, марди ҳамлагар бар асари захмҳое ҷон бохта, ки ба худаш расонда буд.

"Мо метавонем тасдиқ кунем, ки ҳамлагар ҷон бохтааст. Маъмурони пулис дар ҳоли ҳозир ҳамаи утоқҳои биноро тафтиш мекунанд, то таҳдидҳои дигар набошад", - омадааст дар иттилоияи Департаменти пулиси Талса.

Ба иттилои расмӣ, ҳамлагар марди тахминан 35-40-сола буда, дар ҳоли ҳозир шахсияти ӯ ва сабабҳои ҳодиса маълум нестанд.

XS
SM
MD
LG