Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия ба амалиёти низомӣ дар шимоли Сурия омода шудааст


Раҷаб Таййиб Эрдуғон, президенти Туркия, дар мулоқот бо аъзои Ҳизби адолат ва рушд гуфт, кишвараш омодаи шурӯи амалиёти низомӣ зидди нерӯҳои мусаллаҳи мардумии Сурия аст. Дар ин бора расонаҳои Туркия рӯзи 1-уми июн хабар доданд.

Нерӯҳои мусаллаҳи Сурия, ки аз аҳолии курдтабори Сурия ташкил шудааст, дар Туркия созмони террористӣ дониста мешавад. Ин созмони мусаллаҳ қисмати бештари шимолу шарқи Сурияро таҳти назорат дорад.

Созмони мазкур бо ёрии кишварҳои ғарбӣ дар мубориза зидди гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ширкат дошт. Эрдуғон амалиёти зидди Нерӯҳои мусаллаҳи Сурияро барои ташкили минтақаи буферии 30-километрӣ байни Туркия ва Сурия муҳим медонад.

Туркия пайваста зидди кӯмак ба Неруҳои мусаллаҳи Сурия буд. Ба бовари Туркия, ин созмон бо Ҳизби коргари Курдистон пайвандӣ дорад. Ҳизби коргари Курдистон дар навбати худ, ташкили минтақаи мухтори курднишинро дар Туркия талаб дорад.

Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен Туркияро аз амалиёти нав ҳушдор дод ва даъват кард, хатти оташбасеро риоя кунад, ки соли 2019 таъйин шуда буд. "Амалиёти низомӣ - он чизест, ки мо зиддаш ҳастем", - гуфт Блинкен рӯзи чаҳоршанбеи 1 июн.

Туркия шуруъ аз соли 2016 дар Сурия чаҳор амалиёти низомӣ анҷом додааст ва ба ин тартиб, қисме аз минтақаҳои шимолии Сурияро таҳти назорат дорад.

XS
SM
MD
LG