Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба Украина "Ҳимерс" медиҳад


Навъи пойгоҳҳои мушакии Himars. Руминия, соли 2021
Навъи пойгоҳҳои мушакии Himars. Руминия, соли 2021

Президенти ИМА Ҷо Байден розӣ шуд, ки ба Украина пойгоҳи пешрафтаи мушакӣ пешкаш кунад, ки тавони расидан ба ҳадафе дар фосилаи 80 километрро дорад.

Байден рӯзи 31-уми май дар матлабе дар нашрияи The New York Times навишт, "системаҳои мушакӣ ва силоҳҳо барои исобат ба ҳадафҳои калидӣ дар майдони ҷанги Украина мусоидат мекунанд."

Ӯ афзуд, ҳуҷуми Русия ба Украина аз роҳи дипломатия ҳалли худро меёбад, вале Иёлоти Муттаҳида бояд силоҳҳои муҳимро ба Украина таъмин кунад, то мавқеи Киев дар музокирот дар сатҳи баландтарин қарор бигирад.

ИМА розӣ шуд, Украинаро бо системаҳои мушакии “Ҳимерс” таъмин кунад, ки бо сифатҳои пешрафтаву замонавӣ фарқ мекунанд.

Айни замон, Украина аз пеш вазифадор шудааст, ки ин мушакҳоро барои ба дохили хоки Русия партоб кардан истифода нахоҳад кард. Системаи мушакҳои "Ҳимерс" бахше аз бастаи 700-миллиондолларии силоҳҳо мебошад, ки нав ба Украина пешкаш шудааст.

XS
SM
MD
LG