Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон ба таҳрими раъйпурсӣ даъват карданд


Қосимҷомарт Тоқаев, раисиҷумҳури Қазоқистон
Қосимҷомарт Тоқаев, раисиҷумҳури Қазоқистон

Фаъолон дар Қазоқистон аз сокинон даъват доранд, ки раъйпурсиро барои ворид кардани ислоҳҳо ба Конститутсия таҳрим кунанд. Дар Қазоқистон рӯзи 5-уми июн раъйпурсӣ ё референдум баргузор хоҳад шуд.

Фаъолон мегӯянд, дар мавриди тағйиру иловаҳо ба шаҳрвандон шарҳу тафсире дода нашудааст ва тағйироти мавриди назар намоишӣ аст. Маблағҳое, ки барои ин маъарака ҷудо шудааст, фаъолон мегӯянд, беҳтар аст барои боло бурдани нафақа ва ҳалли мушкилоти иҷтимоии сокинон харҷ шаванд.

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон, дар оғози моҳи май фармони баргузории раъйпурсиро барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия имзо кард.

Тағйирот якбора ба 33 моддаи Конститутсия ворид карда мешавад. Миёни ин тағйирот - афзоиши салоҳиятҳои порлумон, манъи аъзои ҳизб шудани кормандони ниҳодҳои қудратӣ ва мансабдорони алоҳида, пурра манъ кардани ҳукми қатл ва эҳёи Додгоҳи конститутсионӣ ҳастанд.

Бино ба ваъдаҳои Тоқаев, ислоҳоти Конститутсия гузариш аз "идораи президентӣ"-ро ба порлумони бонуфуз ва ҳукумати ҳисоботдиҳанда ниҳоӣ мегардонад. Фаъолон даъват доранд, ки ҳеч кадом аз ин тағйирот қабул карда нашавад ва сокинон ба раъйдиҳӣ ҳозир нагарданд.

"Тоқаев ҳаққи маънавии баргузор кардани раъйпурсиро надорад. Зеро вай президент нест, танҳо як дастнишонда аст, зеро ӯро Назарбоев интихоб кардааст. Бист сол Тоқаев дар раддаҳои аввали ҳукумат буд. Ба чӣ ислоҳоте дар ин муддат даст ёфт? Ҳеч! Имрӯз ҳам ҳеч ислоҳоте нест!" - мегӯяд фаъоли ҷамъиятӣ Оринбасар Ҷонибеков.

Фаъолони қазоқистонӣ пешниҳод доранд, ибтидо аз шаҳрвандон бояд пурсида мешуд, ки хоҳони чӣ тағйироте ҳастанд. Аммо ин кор сурат нагирифт.

"Дар оғоз маълум буд: раъйпурсӣ ба хотири он аст, ки ҳамаи имтиёзҳои президенти пешин бекор шаванд. Аммо ҳоло пардапӯшона моддаи 46 Конститутсияро боқӣ монданд: дар ин модда гуфта шудааст, ки имтиёзҳои президенти пешин ҳифз мешаванд. Бас аст фиреби мардум, бас!", - мегӯяд фаъоли дигари қазоқистонӣ Кайирлӣ Омар.

XS
SM
MD
LG