Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон ба Хоманаӣ аз "эътимоди байниҳамдигарӣ" гуфт


Акс аз сайти president.tj
Акс аз сайти president.tj

Раисиҷумҳури Тоҷикистон пас аз солҳо муносибати ноҳамвори Душанбе бо Теҳрон бо роҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ гуфтугӯ кардааст.

Мулоқот шоми 30-юми май дар Теҳрон баргузор шуд. Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба онҷо рафтааст.

Бино ба хабари сомонаи президент, оқои Раҳмон гуфтааст, “ҷонибдори тавсеаи рӯзафзуни робитаҳои гуногунарсаи ду кишвар дар руҳияи ... эътимоди байниҳамдигарӣ мебошад”.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон пеш аз он бо ҳамтои эронияш Иброҳим Раисӣ вохӯрд. Ду кишвар 16 санад имзо карданд ва он бештар аз ёддошти тафоҳуми байни вазоратҳо иборат аст.

Мақомоти Тоҷикистон соли 2015 Эронро ба пуштибонӣ аз Ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва қатли афроди саршинос дар солҳои 90-ум муттаҳам карданд. Теҳрон иттиҳомҳоро рад намуд, вале айни замон Тоҷикистонро ба гум шудани миллионҳо доллари тоҷири шинохта, Бобаки Занҷонӣ, айбдор кард. Душанбе мегӯяд, пулҳои Занҷониро надидааст.

XS
SM
MD
LG