Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон аз Қазоқистон 123 ҳазор тонна орд ворид кардааст


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Узбекистон аз аввали соли равон 124,8 ҳазор тонна ордро аз хориҷ ба маблағи 38,5 миллион доллар ворид кардааст.

Кумитаи давлатии омори Узбекистон гуфтааст, ин нишондод назар ба ҳамин давраи соли гузашта 22 ҳазор тонна бештар аст.

Узбекистон моҳҳои январ-апрели имсол аз ҳама бештар аз Қазоқистон (122,8 ҳазор тонна) орд ворид кардааст. Ҳамчунин аз Русия 1,9 ҳазор тонна, аз ИМА 50 тонна, аз Итолиё 27 тонна, Ҳиндустон 2 тонна ва аз Фаронса 1,8 тонна орд ворид шудааст.

XS
SM
MD
LG