Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев гуфт, дар раъйпурсӣ барои ислоҳи Конститутсия иштирок мекунад


Назарбоев соли 2019 аз қудрат рафт, вале...
Назарбоев соли 2019 аз қудрат рафт, вале...

Президенти нахустин ва собиқи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев гуфт, дар раъйпурсӣ барои ислоҳи Конститутсияи он кишвар иштирок мекунад.

Назарбоев дар суҳбат бо сиёсатшиноси қазоқ Даниёр Ашимбоев гуфт, омодааст, аз амалҳои президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар бораи раъйпурсӣ ва иқдомҳои минбаъдааш барои рушди он кишвар пуштибонӣ кунад.

Раъйпурсӣ барои ислоҳи Конститутсияи Қазоқистон 5-уми июни имсол баргузор мешавад. Бар асоси тағйирот, аз ҷумла, Назарбоев аз имтиёзҳо ҳамчун президенти нахустини Қазоқистон маҳрум хоҳад шуд.

"Бале, ҳатман 5-уми июн бо истифода аз ҳуқуқи худ иштирок мекунам. Ба назари ман, тамоми қишри ҷомеа ҳақ дорад, ки саҳми худро дар тағйири Конститутсия гузорад. Ҳамаи ҳаводиси ҷорӣ ба нафъи давлат ва мардум бошад," - афзудааст ӯ.

XS
SM
MD
LG