Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар шаҳри Хоруғ. Зиён – 1 миллион сомонӣ


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар сӯхторе дар шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 14 фурӯшгоҳ ва як бино бо 48 дӯкон осеб дидаанд. Ҳодиса шаби 28-уми май рӯй додааст. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 29-уми май зиёни расидаро 1 миллион сомонӣ ҳисоб кард. Мутахассисон сабаби сар задани сӯхторро "расиши кӯтоҳи сими барқ" гуфтаанд. Ин дар ҳолест, ки сокинони Хоруғ ба пойгоҳи хабарии "Бомдод" гуфтаанд, дар яке аз дӯконҳои фурӯшгоҳи "Насриддин" балони газ таркид ва сабаби хароб шудани пул ё купрӯки назди он шуд. Ба нақли онҳо, ин пул бемористони вилоятиро воқеъ дар маҳаллаи "Болнисен" бо қисматҳои дигари шаҳри Хоруғ мепайваст. Додситонии вилояти Бадахшон ба таҳқиқи ҳодиса оғоз кардааст.

XS
SM
MD
LG