Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин гуфт, ба чӣ шарте ба содироти гандуми Украина иҷоза хоҳанд дод


Владимир Путин
Владимир Путин

Раисиҷумҳури Русия ба ҳамтои фаронсавияш Эммануэл Макрон ва садри аъзами Олмон Олаф Шолтс гуфтааст, Маскав ҳозир аст, дар ивази лағви таҳримҳо дар мавриди содироти гандуми Украина суҳбат кунад.

Ба хабари Кремлин, Владимир Путин бо раҳбарони Фаронса ва Олмон рӯзи 28-уми май тамоси телефонӣ доштааст.

Пас аз ҳамлаи бедалели Русия ба Украина дар моҳи феврали имсол кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав таҳримҳои сахте ҷорӣ карданд.

Украина яке аз бузургтарин содироткунандагони гандуму равғани офтобпараст дар ҷаҳон аст. Дар ҳоли ҳозир нерӯҳои Русия бандарҳои Украинаро дар Баҳри Сиёҳ бастаанд ва бо ин иқдом манобеи ғизои ҷаҳонро бо хатар дучор сохтаанд.

Ҷомеаи байнулмилалӣ аз Русия хостааст, бандарҳои Украинаро дар Баҳри Сиёҳ кушода, ба содироти ғаллаи Украина иҷоза диҳад.

XS
SM
MD
LG